ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабр ва тағйирёбанда мешавад

Июнь 17, 2021 08:07

ДУШАНБЕ, 17.06.2021 /АМИТ “Ховар”/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво камабр ва тағйирёбанда мешавад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи ғарбии вилоят борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар шарқи вилоят бориши борон ва барф дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 8+13 ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои водибуда бориши сусти борон ба амал меояд. Дар ноҳияҳои алоҳида раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 ва дар баъзе ноҳияҳо бо шиддатнокии то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 18+23 ва рӯзона 32+37 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 3+8 дараҷа гарм ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои камабр ва тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 ва дар баъзе ноҳияҳо бо шиддатнокии то 12-17 метр дар як сония вазида, чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 дараҷа гарм ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 12+17 ва рӯзона 26+31 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши борони кӯтоҳмуддат пешбинӣ шудааст. Дар баъзе ноҳияҳо раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 17+22 дараҷа гарм ва рӯзона 32+37 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 7+12 ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 19+21 ва рӯзона 35+37 дараҷа гарм мешавад.

Июнь 17, 2021 08:07

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад