ОГОҲӢ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ: 27 ва 30 июн дар ғарби вилояти Бадахшон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ омадани сел аз эҳтимол дур нест

Июнь 25, 2021 16:25

ДУШАНБЕ, 25.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. 27 ва 30 июни соли равон дар ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва минтақаҳои алоҳидаи кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ эҳтимоли  сар задани селҳои пиряхӣ пешгӯӣ мешавад.

Дар ин бора  аз Агентии обуҳавошиносии  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Тибқи иттилои манбаъ,  25 ва 26 июни соли равон дар ҷумҳурӣ ҳарорати баланди обу ҳаво метавонад ба пайдоиши нурҳои ултрабунафш (радиатсияи офтобӣ) дар қабати болоии атмосфера мусоидат намояд ва аз соати 12:00 то 15:00  таркиби нурҳои ултрабунафш ба нишондиҳандаҳои баландтар хоҳад расид.

Баландшавии нишондиҳандаҳои нурҳои ултрабунафш дар шаҳри Душанбе, ноҳияҳои марказӣ ва шимолии НТҶ, вилояти Хатлон, вилояти Суғд ва шарқи ВМКБ пешгӯӣ мешавад.

Ҳамчунин  27 ва 28 июн мувофиқи пешгӯиҳо ин вазъият боқӣ мемонад.

Бино ба тавсияи мутахассисон баландшавии сатҳи нурҳои ултабунафш ба касалиҳои пӯст, чашм, фишорбаландӣ, диабети қанд ва нафастангӣ (астма) таъсири манфӣ дорад.

Аз ин рӯ,  ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки ҳангоми нисфирӯзӣ аз гаштугузори беҳуда дар фазои кушод худдорӣ намуда, саломатии худ ва наздиконашонро  нигоҳ доранд.

Июнь 25, 2021 16:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд