Ғолибони Бозиҳои варзишии Тоҷикистон-2021 оид ба гӯштини тарзи озод муайян шуданд
ДУШАНБЕ, 10.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. 7-8 июни соли равон дар доираи Бозиҳои варзишии Тоҷикистон-2021 дар шаҳри Душанбе мусобиқа оид ба гӯштини тарзи озод дар сатҳи баланд баргузор шуд. Дар мусобиқаи мазкур аз 10 вазни пешбинишуда, дар 9 вазн намояндагони шаҳри Душанбе, дар 1 вазн варзишгарони вилояти Суғд ғолиб шуданд.
Дар ин бора директори Маркази омодагии олимпии дастаҳои мунтахаб Музаффар Ҳикматуллоев ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.
Ба иттилои номбурда, дар мусобиқаи мазкур, беш аз 100 варзишгар аз шаҳри Душанбе, вилоятҳои Бадахшон, Хатлон, Суғд ва шаҳру навоҳии тобеи марказ ширкат варзида, дар 10 вазн миёни мардон, тибқи қойидаҳои Иттиҳоди ҷаҳонии гӯштин қувваозмоӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои варзишии Тоҷикистон-2021 ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон аз рӯи 15 намуди варзиш то 30 июни соли равон идома меёбанд.
Ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои варзишии Тоҷикистон-2021 оид ба гӯштини тарзи озод:
-57кг
1. Наимов Муҳаммад (Душанбе-2)
2. Ҳалимов Қаюмҷон (Душанбе-1)
3. Ғафурзода Лутфулло (Хатлон-1)
3. Меликов Ҳусейн (Хатлон-1)
-61кг
1. Ибодов Шамсиддин (Душанбе-1)
2. Мирзоев Шарифбек (Хатлон-1)
3. Олимов Фотеҳҷон (Суғд-1)
3. Тошматов Аслиддин (Суғд-2)
-65кг
1. Шарифов Ҷамшед (Душанбе-1)
2. Холов Комрон (Душанбе-2)
3. Аминзода Хайём (Суғд-1)
3. Ҳодибоев Ҳодибой (Хатлон-1)
-70кг
1. Садуров Оятулло (Душанбе-1)
2. Тайгунов Магамед (ВМБК)
3. Абдуқодиров Абдуҷаббор (Душанбе-2)
3. Беков Хизрулло (Суғд-1)
-74кг
1. Шарипов Ғуломҷон (Душанбе-1)
2. Эмомов Мусо (Душанбе-2)
3. Каримов Фаридун (Хатлон-2)
3. Нуралиев Рамазон (Хатлон-2)
-79кг
1. Икромов Сомонҷон (Душанбе-1)
2. Болтаев Равшан (Суғд-1)
3. Ҳакимов Раҳимҷон (Хатлон-2)
3. Муқимзода Боқиҷон (Суғд-2)
-86кг
1. Ҳалимзода Салимҷон (Душанбе-1)
2. Сардоров Қосим (Душанбе-2)
3. Ализода Муҳаммадҷон (Суғд-1)
3. Ғаниев Шӯҳрат (Суғд-2)
-92кг
1. Қодиров Баҳодур (Душанбе-1)
2. Ризоев Саҳобиддин (ШНТМ)
3. Ҳасанов Анвар (Душанбе-2)
3. Раҳимов Хушбахт (Суғд-1)
-97кг
1. Одилов Фаридун (Суғд-1)
2. Собитов Фарҳод (Суғд-2)
3. Сангов Аминҷон (Душанбе-2)
3. Нафасов Арҷуман (Хатлон-2)
-125кг
1. Миршарифзода Фирӯз (Душанбе-2)
2. Маҳмадбеков Раҳмон (Душанбе-1)
3. Файзуллоев Ҷамолиддин (Хатлон-1)
3. Мирзохӯҷаев Илҳомхӯҷа (Хатлон-2)
АКС аз КМО Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






