Ғолибони Бозиҳои варзишии Тоҷикистон-2021 оид ба гӯштини тарзи озод муайян шуданд

Июнь 10, 2021 08:12

ДУШАНБЕ, 10.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. 7-8 июни соли равон дар доираи Бозиҳои варзишии Тоҷикистон-2021 дар шаҳри Душанбе мусобиқа оид ба гӯштини тарзи озод дар сатҳи баланд баргузор шуд. Дар мусобиқаи мазкур  аз 10 вазни пешбинишуда, дар 9 вазн намояндагони шаҳри Душанбе, дар 1 вазн варзишгарони вилояти Суғд ғолиб шуданд.

Дар ин бора директори Маркази омодагии олимпии дастаҳои мунтахаб Музаффар Ҳикматуллоев ба  шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар  дод.

Ба иттилои номбурда, дар мусобиқаи мазкур, беш аз 100 варзишгар аз шаҳри Душанбе, вилоятҳои Бадахшон, Хатлон, Суғд ва шаҳру навоҳии тобеи марказ ширкат варзида, дар 10 вазн миёни мардон, тибқи қойидаҳои Иттиҳоди ҷаҳонии гӯштин қувваозмоӣ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои варзишии Тоҷикистон-2021 ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон аз рӯи 15 намуди варзиш то 30 июни соли равон идома меёбанд.

Ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои варзишии Тоҷикистон-2021 оид ба гӯштини тарзи озод:

-57кг
1. Наимов Муҳаммад (Душанбе-2)
2. Ҳалимов Қаюмҷон (Душанбе-1)
3. Ғафурзода Лутфулло (Хатлон-1)
3. Меликов Ҳусейн (Хатлон-1)

-61кг
1. Ибодов Шамсиддин (Душанбе-1)
2. Мирзоев Шарифбек (Хатлон-1)
3. Олимов Фотеҳҷон (Суғд-1)
3. Тошматов Аслиддин (Суғд-2)

-65кг
1. Шарифов Ҷамшед (Душанбе-1)
2. Холов Комрон (Душанбе-2)
3. Аминзода Хайём (Суғд-1)
3. Ҳодибоев Ҳодибой (Хатлон-1)

-70кг
1. Садуров Оятулло (Душанбе-1)
2. Тайгунов Магамед (ВМБК)
3. Абдуқодиров Абдуҷаббор (Душанбе-2)
3. Беков Хизрулло (Суғд-1)

-74кг
1. Шарипов Ғуломҷон (Душанбе-1)
2. Эмомов Мусо (Душанбе-2)
3. Каримов Фаридун (Хатлон-2)
3. Нуралиев Рамазон (Хатлон-2)

-79кг
1. Икромов Сомонҷон (Душанбе-1)
2. Болтаев Равшан (Суғд-1)
3. Ҳакимов Раҳимҷон (Хатлон-2)
3. Муқимзода Боқиҷон (Суғд-2)

-86кг
1. Ҳалимзода Салимҷон (Душанбе-1)
2. Сардоров Қосим (Душанбе-2)
3. Ализода Муҳаммадҷон (Суғд-1)
3. Ғаниев Шӯҳрат (Суғд-2)

-92кг
1. Қодиров Баҳодур (Душанбе-1)
2. Ризоев Саҳобиддин (ШНТМ)
3. Ҳасанов Анвар (Душанбе-2)
3. Раҳимов Хушбахт (Суғд-1)

-97кг
1. Одилов Фаридун (Суғд-1)
2. Собитов Фарҳод (Суғд-2)
3. Сангов Аминҷон (Душанбе-2)
3. Нафасов Арҷуман (Хатлон-2)

-125кг
1. Миршарифзода Фирӯз (Душанбе-2)
2. Маҳмадбеков Раҳмон (Душанбе-1)
3. Файзуллоев Ҷамолиддин (Хатлон-1)
3. Мирзохӯҷаев Илҳомхӯҷа (Хатлон-2)

                                                                             АКС аз КМО Тоҷикистон

Июнь 10, 2021 08:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони гӯштини юнонӣ-римии Бозиҳои варзишии Тоҷикистон-2021 маълум шуданд
Футболбози ҳолландӣ Ҳусейн Доган дастаи «Истиқлол»-ро бо хоҳиши тарафайн тарк намуд
ФУТБОЛ. Дар Осака бозии даври 9-уми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи «Ғ» байни дастаҳои мунтахаби Япония ва Тоҷикистон баргузор шуд
Ғолибони Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис миёни ҷавонон – «Tajikistan Open-2021» муайян шуданд
Самбочиёни тоҷик дар Чемпионати Осиё миёни наврасон, ҷавонон ва калонсолон дар Тошканд 4 медали тилло ба даст оварданд
Дар Душанбе «Фестивали футбол» баргузор мешавад
ФУТБОЛ. «Равшан» ва «Эсхата» дар бозиҳои мавқуфмондаи Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ ғолиб омаданд
«ВЕЛОСИПЕД БАРОИ ТАБИАТ». Пагоҳ дар Душанбе таҳти ин шиор марафони дучархаронӣ баргузор мегардад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои анҷом додани бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 ба шаҳри Осакаи Япония сафар кард
Ғолибони Бозиҳои варзишии Тоҷикистон-2021 оид ба намуди гуштини миллӣ муайян шуданд
ИМРӮЗ –РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ВЕЛОСИПЕД. Истифодаи он ба муҳити зист ва ҳифзи саломатии инсон мусоидат мекунад
ФУТБОЛ.Дастаи «Хуҷанд» бо ҳисоби 1:0 бар дастаи «Файзканд» ғолиб омад