Ғолибони Бозиҳои варзишии Тоҷикистон-2021 оид ба намуди дзюдо муайян шуданд

Июнь 11, 2021 09:19

ДУШАНБЕ, 11.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. 9-10 июни соли равон дар доираи Бозиҳои варзишии Тоҷикистон-2021 дар шаҳри Душанбе мусобиқа оид ба дзюдо баргузор шуд. Дар мусобиқаи мазкур дар  3 вазн намояндагони шаҳри  Душанбе, дар 2 вазн намояндагони  вилояти Хатлон, дар 1 вазнӣ  варзишгарони  вилояти Суғд ва   ВМКБ ғолиб гардиданд.

Дар ин бора аз Федератсияи дзюдои  Тоҷикистон  ба  шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар  дододанд.

Ба иттилои манбаъ, дар мусобиқаи мазкур 47 варзишгар дар ҳайати дастаҳои Душанбе, Бадахшон, Хатлон, Суғд, Рашт ва шаҳру навоҳии тобеи марказ ширкат варзида, дар 7 вазн миёни мардон тибқи қойидаҳои Федератсияи байналмилалии дзюдо қувваозмоӣ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои варзишии Тоҷикистон-2021 ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон аз рӯи 15 намуди варзиш то 30 июни соли равон, идома меёбад.

Ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои варзишии Тоҷикистон-2021 оид ба дзюдо:

-60кг:
1. Муҳаммадсолеҳ Қувватов (Хатлон-1)
2. Мустафо Ашурзода (Суғд)
3. Амирҷон Азизулоев (Душанбе)
3. Муслиҳиддин Хайруллоев (Хатлон-1)

-66кг:
1. Баҳром Суфев (Хатлон-2)
2. Муслимбек Каримов  (Хатлон-1)
3. Идибек Сафаров (Душанбе)
3. Ҷамшеди Нуралӣ (Душанбе)

-73кг
1. Муҳаммадиқбол Тошов (Суғд)
2. Масъуди Аҳмадзод(Душанбе)
3. Муҳаммад Саъдуллоев (Рашт)
3. Муҳаммадраҳим Сарахонов (Душанбе)

-81кг
1. Раҳматулло Фарҳодов (Душанбе)
2. Хусрав Аламов(Хатлон-1)
3. Тӯйчибек Шариов (Душанбе)
3. Муҷиб Меҳробҷонзода (Суғд)

-90кг
1. Сабрулло Ҳикатуллоев (Душанбе)
2. Исроил Раҳимов (Душанбе)
3. Саидмуъмин Алиев (Хатлон-1)
3. Фарух Сафаров (Хатлон-1)

-100кг
1. Фирдавс Насимов (Душанбе)
2. Мансур Раҳмонов (Хатлон-2)
3. Саидашраф Саидраҳмонзода  (Рашт)
3. Абдулҳамид Муҳибов (Душанбе)

+100kg
1. Фарёд Шайхов (ВМКБ)
2. Бобоҷон Бобоев (Хатлон-2)
3. Шайхиддин Додарбеков (Рашт)
3. Толибҷон Тоиров (ШНТМ)

Июнь 11, 2021 09:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд