Ғолибони Бозиҳои варзишии Тоҷикистон-2021 оид ба намуди гуштини миллӣ муайян шуданд
ДУШАНБЕ, 04.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. 1-2 июн дар Муассисаи давлатии «Маркази омодагии дастаҳои мунтахаб»-и шаҳри Душанбе дар доираи Бозиҳои варзишии Тоҷикистон-2021 мусобиқаи гуштини миллӣ – гуштингирӣ баргузор шуд. Дар мусобиқаи мазкур ҳудуди 100 паҳлавон аз минтақаҳои кишвар ширкат намуда, дар нӯҳ вазн барои ба даст овардани ҷойҳои ифтихорӣ талош карданд.
Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.
Намояндагони шаҳри Душанбе дар чор вазн, паҳлавони шаҳру навоҳии тобеи марказ (ШНТМ) дар се вазн, варзишгарони вилояти Суғд ва минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон дар яквазнӣ ғолиб омаданд.
Мавриди зикр аст, ки ин дуюм чорабинӣ дар доираи Бозиҳои варзишии Тоҷикистон-2021 аст, ки баргузор шуд. Қаблан 22-23 майи соли равон мусобиқаи варзиши сабук доир гардида буд. Хотиррасон мешавем, ки умуман Бозиҳои варзишии Тоҷикистон-2021ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатӣ аз рӯи 15 намуди варзиш доир мегардад.
Ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои варзишии Тоҷикистон-2021 оид ба гуштингирӣ:
-55кг
1. Шарипов Абдуманон (Душанбе)
2. Солиҳов Сиёвуш (Душанбе)
3. Шоев Пайравшоҳ (Хатлон-2)
3. Сорбони Илҳом (Хатлон-2)
-60кг
1. Шоев Абдураҳмон (ШНТМ)
2. Баротов Алишер (Хатлон-1)
3. Мирзоев Парвиз (ВМКБ)
3. Худойназар Ашурзода (Хатлон-1)
-65кг
1. Додов Орифҷон (Душанбе)
2. Хайрандеш Муродзода (Хатлон-2)
3. Ҳалимов Наврӯз (Хатлон-2)
3. Қувватов Фирдавс (Хатлон-1)
-70кг
1. Ҳусейнзода Муҳаммадраҷаб (Суғд)
2. Сафаров Зикрулло (Хатлон-2)
3. Саидҷони Ҳайдар (Душанбе)
3. Каримов Баҳриддин (Душанбе)
-75кг
1. Боқиев Алӣ (Хатлон-1)
2. Мавобуллои Хуршед (Хатлон-2)
3. Қосимов Улуғбек (Хатлон-1)
3. Баротов Фаррухҷон (Душанбе)
-80кг
1. Расулов Умар (ШНТМ)
2. Муҳаммадшокирзода Бузургмеҳр (Суғд)
3. Саидаминов Ҷамолиддин (Хатлон-1)
3. Ҷумаев Забир (Хатлон-2)
-90кг
1. Сардоров Шерафган (Душанбе)
2. Орифов Муинҷон (Душанбе)
3. Гулмаҳмадзода Беҳрӯз (Суғд)
3. Хоҷаев Рустам (ВМКБ)
-100кг
1. Абубакри Акобир (Душанбе)
2. Назаров Назармаҳмад (ВМКБ)
3. Абулаҳмади Саидхон (Хатлон-2)
3. Тауров Сомон (Душанбе)
+100кг
1. Маҳмадиев Суҳроб (ШНТМ)
2. Шерхонов Носир (Душанбе)
3. Алиев Хурсандмурод (ВМКБ)
3. Тугмаев Абдулазиз (Хатлон-2)
АКС аз КМО Тоҷикистон








Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад






