Ғолибони Бозиҳои варзишии Тоҷикистон-2021 оид ба намуди гуштини миллӣ муайян шуданд

Июнь 4, 2021 08:27

ДУШАНБЕ, 04.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. 1-2 июн дар Муассисаи давлатии «Маркази омодагии дастаҳои мунтахаб»-и шаҳри Душанбе дар доираи Бозиҳои варзишии Тоҷикистон-2021 мусобиқаи гуштини миллӣ – гуштингирӣ баргузор шуд.  Дар мусобиқаи мазкур ҳудуди 100 паҳлавон аз минтақаҳои кишвар ширкат намуда, дар нӯҳ вазн барои ба даст овардани ҷойҳои ифтихорӣ талош карданд.

Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.

Намояндагони шаҳри Душанбе дар чор вазн, паҳлавони шаҳру навоҳии тобеи марказ (ШНТМ) дар се вазн, варзишгарони вилояти Суғд ва минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон дар яквазнӣ ғолиб омаданд.

Мавриди  зикр аст, ки  ин дуюм чорабинӣ дар доираи Бозиҳои варзишии Тоҷикистон-2021 аст, ки баргузор шуд. Қаблан 22-23 майи соли равон мусобиқаи варзиши сабук доир гардида буд. Хотиррасон  мешавем, ки умуман Бозиҳои варзишии Тоҷикистон-2021ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатӣ аз рӯи 15 намуди варзиш доир мегардад.

Ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои варзишии Тоҷикистон-2021 оид ба гуштингирӣ:

-55кг
1. Шарипов Абдуманон (Душанбе)
2. Солиҳов Сиёвуш (Душанбе)
3. Шоев Пайравшоҳ (Хатлон-2)
3. Сорбони Илҳом (Хатлон-2)

-60кг
1. Шоев Абдураҳмон (ШНТМ)
2. Баротов Алишер (Хатлон-1)
3. Мирзоев Парвиз (ВМКБ)
3. Худойназар Ашурзода (Хатлон-1)

-65кг
1. Додов Орифҷон (Душанбе)
2. Хайрандеш Муродзода (Хатлон-2)
3. Ҳалимов Наврӯз (Хатлон-2)
3. Қувватов Фирдавс (Хатлон-1)

-70кг
1. Ҳусейнзода Муҳаммадраҷаб (Суғд)
2. Сафаров Зикрулло (Хатлон-2)
3. Саидҷони Ҳайдар (Душанбе)
3. Каримов Баҳриддин (Душанбе)

-75кг
1. Боқиев Алӣ (Хатлон-1)
2. Мавобуллои Хуршед (Хатлон-2)
3. Қосимов Улуғбек (Хатлон-1)
3. Баротов Фаррухҷон (Душанбе)

-80кг
1. Расулов Умар (ШНТМ)
2. Муҳаммадшокирзода Бузургмеҳр (Суғд)
3. Саидаминов Ҷамолиддин (Хатлон-1)
3. Ҷумаев Забир (Хатлон-2)

-90кг
1. Сардоров Шерафган (Душанбе)
2. Орифов Муинҷон (Душанбе)
3. Гулмаҳмадзода Беҳрӯз (Суғд)
3. Хоҷаев Рустам (ВМКБ)

-100кг
1. Абубакри Акобир (Душанбе)
2. Назаров Назармаҳмад (ВМКБ)
3. Абулаҳмади Саидхон (Хатлон-2)
3. Тауров Сомон (Душанбе)

+100кг
1. Маҳмадиев Суҳроб (ШНТМ)
2. Шерхонов Носир (Душанбе)
3. Алиев Хурсандмурод (ВМКБ)
3. Тугмаев Абдулазиз (Хатлон-2)

 АКС аз КМО Тоҷикистон

Июнь 4, 2021 08:27

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи рушди УЕФА дар Минск иштирок мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даври ¼-финалӣ роҳ ёфт
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ-2024. Паҳлавонони тоҷик дар он соҳиби се медали биринҷӣ шуданд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо дастаи Тайиланд бозӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал дар даври сеюм бо тими мунтахаби Ҷопон вомехӯрад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Қирғизистон дар даври дуюм бозиро мусовӣ анҷом доданд
Сомон Турсунзода дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо дар Узбекистон соҳиби ду медал гардид
Паҳлавонони тоҷик дар Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Узбекистон оид ба кураш дар Эрон се медали биринҷӣ ба даст оварданд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври дуюм бо дастаи Қирғизистон бозӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бозии дуюмашро анҷом дод
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имшаб дастаҳои мунтахаби олимпии Тоҷикистон ва Ироқ бо ҳам бозӣ мекунанд
Пайрав Воҳидов: «Бисёр шодем, ки бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2024-ро бо ғалаба анҷом додем»