Ғолибони Ниммарафони байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе муайян шуданд
ДУШАНБЕ, 14.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, 13 июн дар шаҳри Душанбе дар доираи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), Ниммарафони байналмилалӣ баргузор гардид.
Тавре аз Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар доданд, дар ниммарафони мазкур ҳудуди 400 нафар, аз ҷумла варзишгарон аз кишварҳои Германия, Япония, Россия, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ширкат варзиданд.
Масофаи ниммарафон 21 километру 97 метрро ташкил дода, иштирокчиён дар масири кӯчаи Исмоили Сомонӣ-70 тавассути хиёбони Ҳофизи Шерозӣ то маҳалли Чорбоғ, аз он ҷо тавассути хиёбони Рӯдакӣ то Майдони Дӯстӣ давиданд.
Кумитаи тадорукот барои 5 ҷои аввал миёни мардон ва 5 ҷой миёни бонувон ҷоизаҳо муқаррар карда буд.
Миёни мардҳо намояндаи Ӯзбекистон Шоҳрух Давлатов бо натиҷаи 1:09.08 якум шуда ба марра расид. Шоҳрух Давлатов дар Ниммарафони Душанбе моҳи апрел низ ҷои аввалро ишғол карда буд.
Чор ҷои боқимондаро варзишгарони Тоҷикистон сазовор шуданд. Самариддин Азимов бо натиҷаи 1:14.17 ҷои дуюм, Ғайрат Олимов бо натиҷаи 1:14.41 зинаи сеюм, Бобоҷон Яқинов бо натиҷаи 1:17.27 мақоми чорум ва Меҳробҷон Одинаев бо натиҷаи 1:17.41 ҷои панҷумро сазовор гардиданд.
Миёни бонувон низ намояндаи Ӯзбекистон Азизахон Мирзоакбарова бо натиҷаи 1:21.43 мақоми аввалро ишғол кард. Чор ҷои ифтихории дигар насиби варзишгарони Тоҷикистон шуд: Маҳина Баротова бо натиҷаи 1:34.09 ҷои дуюм, Зулҳиҷҷа Ғаффорзода бо натиҷаи 1:38.12 мақоми сеюм, Раҷабмоҳ Абдуллоева бо натиҷаи 1:45.15 зинаи чорум ва Манижаи Рамазон бо натиҷаи 1:48.23 ҷои панҷумро ишғол намуданд.
Кумитаи тадорукот барои ҷойҳои аввал 1500 доллари ИМА, дуюм 800 доллар, сеюм 600 доллар, барои мақоми чорум 500 доллар ва барои ҷои панҷум 300 доллари ИМА ҷоизапулӣ тақдим кард. Инчунин ба иштирокчиён медали хотиравии «Ниммарафони ҷашни 20-солагии СҲШ» дар Душанбе супорида шуд.

































ФУТБОЛ. Пагоҳ бозиҳои даври 13-уми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ оғоз мегардад
Варзишгари ҷавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини юнону румӣ соҳиби медали нуқра гардид
Варзишгарони тоҷик ба хазинаи варзишии Тоҷикистон 278 медал ворид намуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба узвияти Донишгоҳи СҲШ пазируфта шуд
Варзишгари Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии теннис соҳиби ду медали тилло шуд
Дар шаш моҳи соли 2026 варзишгарони вилояти Хатлон беш аз 1000 медал ба даст оварданд
Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти Шурои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Данғара мусобиқаи гӯштини миллӣ баргузор гардид
Соли 2027 дар Душанбе Чемпионати Осиё оид ба акробатикаи варзишӣ баргузор мешавад
Дар Мусобиқаи байналмилалии «Lausanne Grand Slam-2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон 14 нафар иштирок менамояд
Душанбе мизбони ҷаласаҳои Федератсияи ҷаҳонии гимнастика гардид
Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон дар доираи Ёддошти тафоҳум густариш меёбад






