Пагоҳ дар шаҳри Душанбе Мусобиқаи кушод оид ба таэквондо ВТФ миёни наврасон баргузор мешавад

Июнь 25, 2021 17:08

ДУШАНБЕ, 25.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ,  26 июн дар шаҳри Душанбе  таҳти унвони «Тоҷикистон – зидди маводи мухаддир» Мусобиқаи кушод оид ба таэквондо ВТФ миёни наврасон баргузор мешавад. Дар мусобиқаи мазкур варзишгарони соли таваллудашон 2005-2007 аз ҳамаи минтақаҳои мамлакат метавонанд ширкат намоянд. Қувваозмоиҳо дар 5 вазн миёни писарон ва 3 вазн миёни духтарон доир мегардад. 

Дар ин бора аз Федератсияи таэквондо ВТФ-и Тоҷикистон ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар  доданд.

Мусобиқаи кушод оид ба таэквондо ВТФ миёни наврасон ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба муносибати Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди маводи мухаддир баргузор шуда,  ҳадафи он  рушди варзиши таэквондо, ҷалби наврасон ба варзиш ва дур нигоҳ доштани онҳо аз одатҳои номатлуб  мебошад.

Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон ин намуди варзиш соли 1987 пайдо шуда, соли 1992 Федератсияи таэквондо ВТФ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. Шодӣ Саидов аввалин президенти федератсияи мазкур  интихоб гардид. Аз соли 1993 Федератсияи таэквондо ВТФ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи Федератсияи таэквандои ҷаҳонӣ мебошад.

Сол ба сол таваҷҷуҳ дар кишвар ба ин намуди варзиш зиёд гардида, шароити варзишгарон хуб шуда истодааст. Бояд гуфт дар ин намуди варзиш духтарон низ таваҷҷуҳ намуда истодаанд. Барои роҳхат гирифтан ба бозиҳои олимпӣ ду нафар аз бонувони тими мунтахаби таеквондои кишвар Моҳрӯ Ҳалимова (Душанбе) ва Манижа Маткаримова (Кӯлоб) бо квотаи президентӣ сарфароз гардидаанд.

Хотиррасон мешавем, ки узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба таэквондо ВТФ Моҳрӯ Ҳалимова дар Чемпионати Осиё оид ба таэквондо, ки  16-18 июни соли равон  дар шаҳри Бейрути Лубнон бо иштироки 186 варзишгар аз 30 давлати ҷаҳон  баргузор шуд, сазовори медали биринҷӣ  гардид.

Июнь 25, 2021 17:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад