Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони аз офати табиӣ зарардидаи деҳаи Навободи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 15.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Пас аз шиносоӣ бо рафти сохтмони манзилҳои истиқоматӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин мавзеъ бо сокинони аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ мулоқоти самимию судманд баргузор намуданд.
Сарвари давлат таъкид доштанд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали сар задани офати табиӣ дар канори осебдидагон буд ва бо расонидани кӯмакҳои саривақтӣ имконият даст дод, ки сохтмони манзилҳои нав ҳарчӣ зудтар оғоз ёбад. Хушбахтона то ба имрӯз аллакай қисми бештари корҳои сохтмонии хонаҳое, ки ба сокинони зарардида пешбинӣ гардидааст, сомон ёфтааст.
Зикр шуд, ки зарари расонидаи офати табиӣ ба пуррагӣ барқарор гардида, барои зисту зиндагонии сокинон тамоми шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда мешавад ва хонаҳои истиқоматӣ бо тамоми ашёи зарурии рӯзгор таъмин хоҳанд гашт.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот таъкид доштанд, ки дар баробари сохтмони 20 манзили истиқоматӣ дар мавзеъи навбунёд, ҳамчунин дигар имконоту инфрасохтор ба пуррагӣ бунёд хоҳад гашт. Аз ҷумла, хатти барқу об, роҳи нақлиётгарду пиёдараҳ ва бунгоҳи тиббӣ бо назардошти талаботи муосир сохта ба истифода дода мешавад.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки рафти корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ва бунёди манзилҳои истиқоматӣ дар мавзеъи нав зери назорати бевосита ва доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, тамоми чораҳо андешида мешавад, то ҳарчӣ зудтар боқимондаи оилаҳо ба хонаҳои нави худ дароянд.
Роҳбари давлат ба масъулини сохторҳои дахлдор дастур доданд, ки ба сифати корҳои сохтмонӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, тамоми шароитро барои зиндагонии осебдидагон дар манзилҳои нав фароҳам созанд. Ҳамчунин корҳои сохтмонии манзилҳои 15 оилаи дигарро, ки дар минтақаи хавфнок қарор доранд, тезонида, онҳоро низ ба мавзъеи нав кӯчонанд.
Зимни баромади худ сокинони аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ барои ташриф ба ин мавзеъ ва шахсан бохабар гардиданашон аз ҳолу аҳволи зарардидагон, дастгирии моддию маънавии мардум изҳори миннатдорӣ карданд.
Таъкид доштанд, ки аз рӯзҳои аввали ҳодиса онҳо зери ғамхории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифта, бо расонидани кӯмакҳои пай дар пай, бо маводи ғизоӣ, сару либос ва дигар лавозимот таъмин гаштанд.
Сокинон ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таваҷҷуҳу ғамхории падаронаи миннатдории бепоёни худро иброз доштанд ва ваъда доданд, ки бо меҳнати худ оянда ин мавзеъи навбунёдро ба яке аз маконҳои сарсабзу хуррам табдил хоҳанд дод.









ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд






