Раиси Гурӯҳи дӯстии Маҷлиси намояндагон бо Сафири фавқуллода ва мухтори Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд

Июнь 22, 2021 14:44

ДУШАНБЕ, 22.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси гурӯҳи дӯстии Маҷлиси намояндагон бо Парлумони Франсия  Идигул Қосимзода бо Сафири фавқуллода ва мухтори Франсия  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мишел Таран мулоқот намуданд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов  иттилоъ дод.

Зимни мулоқот маҷмӯи васеи масъалаҳо вобаста ба муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Франсия, аз ҷумла робитаҳои байнипарлумонии ду мамлакат мавриди муҳокима қарор гирифт.

Ҷонибҳо доир ба роҳу василаҳои таҳкими ҳамкории дуҷониба, хусусан тариқи афзоиши табодули сафарҳои намояндагони баландпояи Тоҷикистон ва Франсия мубодилаи афкор намуданд.

Дар ҷараёни  суҳбат таваҷҷуҳи ҷониби Франсия  ба иқтидору имкониятҳои фаровони рушди ҳамкорӣ  дар соҳаҳои амният, энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт ва коммуникатсия, сайёҳӣ, маориф ва фарҳанг ҷалб карда шуд. Дар ин радиф, аҳамияти тавсеаи пояи қарордодиву ҳуқуқии муносибатҳои мутақобилаи байни Тоҷикистон ва Франсия  барои ғанигардонии ҳамкорӣ  бо мазмуну мундариҷаи мушаххас таъкид гардид.

Дар ҷараёни мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории  мутақобилан судманд байни Маҷлиси намояндагон ва Парлумони Франсия  мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар интиҳо изҳори боварӣ карда шуд, ки тавассути муколамаҳои доимии сатҳи баланд робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Франсия  дар ҳама самтҳо мазмуну мундариҷаи нав касб намуда, дар оянда доираҳои зиёди мавриди таваҷҷуҳ ва барои тарафҳо манфиатоварро фаро хоҳанд гирифт.

АКС: Маҷлиси намояндагон

Июнь 22, 2021 14:44

Хабарҳои дигари ин бахш

ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛӢ ВА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Таҳлили ҳуқуқии мафҳумҳои конститутсионӣ ва таърихии давлатдорӣ
ДАР МЕҲВАРИ СУЛҲ, ВАҲДАТ ВА СОЗАНДАГӢ. Мулоҳизаҳо оид ба рисолати таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд