Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода дар ҷаласаи Конфронси дуюми Ассамблеяи Парлумонии кишварҳои аъзои СҲИ иштирок ва суханронӣ намуд

Июнь 1, 2021 16:54

ДУШАНБЕ, 01.06.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ва ҳайати ҳамроҳони ӯ, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттилоот ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ Саидмурод Фаттоҳзода дар ҷаласаи  Шӯрои   Ассамблеяи Парлумонии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ (СҲИ),, ки таҳти раёсати Раиси Ассамблеяи миллии Ҷумҳурии Исломии Покистон Асад Қайсар дар шаҳри Исломобод баргузор гардид, иштирок намуд. 

Тавре котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳамадато Султонов аз шаҳри Исломободи Ҷумҳурии Исломии Покистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар ҷаласаи Шӯрои мазкур, дар қатори дигар масъалаҳо ҳисоботи натиҷаҳои якумин конференсияии Ассамблеяи Парлумонии кишварҳои аъзои СҲИ, тасвиби оиномаи Ассамблея, дастурамали фаъолияти Ассамблея ва инчунин макон ва замони баргузории ҷаласаи ояндаи Созмони мазкур баррасӣ гардида,  дар ин маврид қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Пас аз маросими аксбардорӣ  Сарони парлумонҳои кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ, 1 июн ҷаласаи ифтитоҳии Конфронси дуюми Ассамблеяи Парлумонии кишварҳои аъзои СҲИ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон ҷаноби Ариф Алвӣ, Раиси Ассамблеяи миллии Ҷумҳурии Исломии Покистон Асад Қайсар, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ва дигар намояндагони баландпояи парлумонҳои кишварҳои аъзои Созмони мазкур, аз ҷумла Раиси Ассамблеяи Бузурги Миллии Туркия Мустафо Сентоп,  дабири кулли Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ  Ҳоди Сулаймонпур ва дигарон  ба кори  худ оғоз намуд.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар конфронси мазкур вобаста ба масъалаи баррасишаванда — «Мусоидат ба шарикии байнипарлумонӣ баҳри ҳамгироии минтақавӣ» баромад намуда, аз ҷумла изҳор дошт: «мулоқоту музокироти навбатии роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои аъзои Ассамблеяи Парламентии СҲИ масъалаҳои муҳимро фаро мегирад, ки  мо қабули санадҳои дахлдорро барои ҳалли онҳо қобили қабул мешуморем. Тоҷикистон ва кишварҳои аъзои Созмонро муносибатҳои зичи дўстӣ ва ҳамкории судманд ба ҳам пайвастааст. Рушди босамари муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии кишварҳои аъзо исботи ин гуфтаҳост. Бояд зикр кард, ки масъалаи рушд ва таҳкими муносибатҳо бо давлатҳои аъзои Ассамблеяи Парламентии СҲИ  дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон мақоми махсус дорад ва дар ин самт кишвари мо ба тавсеаи ҳамкории судманд бо ҳамшарикони худ дар ҳамаи соҳаҳо аҳамияти хоса медиҳад».

-Дар ин росто Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таҳким ва самарабахш анҷом додани муносибатҳои байнипарламентӣ бо кишварҳои аъзои Ассамблеяи Парламентии Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ гурӯҳҳои дустӣ таъсис дода, тавассути он робита ва ҳамкории мутақобилан судмандро роҳандозӣ намудааст. Дар баробари таъсис ва ба фаъолият оғоз намудани Ассамблеяи Парламентии СҲИ, ки бо ташаббуси кишвари ба мо дӯсту бародари Покистон арзи ҳастӣ намуд, кишварҳои аъзои он имкониятҳои васеи рушди муносибатҳои тиҷоративу иқтисодиро пайдо намуданд-, афзуд Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода.

Гуфта шуд, ки дар ин давра дар доираи муносибатҳои кишварҳои аъзои Ассамблеяи Парламентии СҲИ ва созишномаҳои қабулшуда, лоиҳаҳои гуногун дар соҳаҳои афзалиятнок, аз ҷумла энергетика, савдо, ҳамлу нақл, саноат ва кишоварзӣ таҳия ва татбиқ гардидаанд.      Аз ҷумла, моҳи марти соли 2017 дар шаҳри Исломобод зимни баргузории Саммити 13-уми сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ санади дахлдор қабул гардид, ки самтҳои ассосии фаъолияти Созмонро дар солҳои наздик дарбар мегирад.

Боиси ёдоварист, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар 13-умин Саммити Созмони ҳамкории иқтисодӣ, ки якуми марти соли 2017 дар Ҷумҳурии Исломии Покистон баргузор гардид, иштирок намуданд.

Зимни суханронӣ Сарвари давлати мо аз фаъолияти Созмон изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид намуданд, ки ба шарофати талошҳои муштарак заминаи ҳуқуқии ҳамкории ҷонибҳо дар самтҳои афзалиятнок ташаккул ёфта, ҷиҳати густариши тиҷорати байни кишварҳои аъзо, рафтуомади мардум ва ҳамлу нақли транзитӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Натиҷаи чунин талошҳо буд, ки як қатор барномаҳои муҳимми инфрасохторӣ татбиқ гардида, ҳамкориҳои гуманитариву фарҳангӣ густариш ёфтанд.

Инчунин ҳиссаи кишварҳои аъзои созмон дар гардиши савдои берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон рушд карда, ҷойгоҳи хосса пайдо намуд.

Маҳмадтоир  Зокирзода дар идома илова кард, ки  Ассамблеяи Парламентии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ барои густариш ва таҳким бахшидани ҳамкории байнипарламентии кишварҳои аъзои созмон нақши калидӣ дорад. Самтҳои муайян намудаи Ассамблеяро заминаи мусоид барои ҳамкории самарабахши ҷавобгў ба манфиату ормонҳои миллии кишварҳои аъзо арзёбӣ намуда, мусоидати Парламентҳои кишварҳои аъзои созмонро таҳкимбахши муносибатҳои минтақавӣ меҳисобам.

Возеҳ аст-гуфт мавсуф, ки ягон давлати дунё бе ҳамгироии иқтисодӣ барои беҳтар кардани шароити зиндагии мардум, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувор муяссар намегардад. Бахусус дар шароити таъсири паёмадҳои бемории сироятии КОВИД-19, ки  боиси таназзул ва мушкилоти дорои хусусияти иҷитимоиву иқтисодиёти ҷаҳонӣ гардид.

Дар ин раванд татбиқи рушду тавсеаи шаклҳои мухталифи ҳамкориҳои иқтисодӣ дар доираи Ассамблеяи парламентӣ мавқеи муҳимро касб намуда, бобати бартараф намудани паёмадҳои пандемия мусоидат менамояд.

«Мутмаинам, ки мақсад ва ҳадафҳои ҳамоиши имрӯза боз як омили муассире дар тақвияти ҳамкориҳои судманди иқтисодии кишварҳоямон хоҳад шуд»-зикр кард Маҳмадтоир Зокирзода.

Маърӯзаи Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, ки фарогири мавзӯъ ва масъалаҳои муҳиму сатҳи ҷаҳонидошта буд, аз ҷониби ширкаткунандагони ин Конфронс бо иҳтимом ва самимияти хоса шунида шуд.

Дар хотима дар назди иштирокчиёни кори Конфронси дуюми Ассамблеяи Парлумонии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон ҷаноби Ариф Алвӣ  аз рўи масъалаи баррасишуда баромад намуда, иброз намуд, ки  баргузории Конфронси мазкур барои таҳкими ҳамкории кишварҳои аъзои Ассамблеяи Парлумонии кишварҳои аъзои СҲИ заминаи мусоид фароҳам оварда, ҳамзамон омили муҳим ҷиҳати густариш пайдо кардани муносиботи байнипарлумонӣ миёни кишварҳои аъзо ба шумор меравад.

Мавриди зикр аст, ки Конфронси дуюми Ассамблеяи Парлумонии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ пагоҳ,  2 июн кори худро дар шаҳри Исломободи Ҷумҳурии Исломии Покистон идома медиҳад.

Июнь 1, 2021 16:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» қабул карда шуд
Ҳайати вакилони Тоҷикистон дар Муколамаи дуюми минтақавии парламентӣ оид ба рушди технологияҳои «сабз» иштирок намуд
Дар Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» мавриди баррасӣ қарор гирифт
Дар Русия ҷаласаҳои навбатии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои ИДМ баргузор гардиданд
Файзалӣ Идизода бо ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Федератсияи Русия вохӯрӣ намуд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Ҳуснуллин мулоқот намуданд
Файзалӣ Идизода дар ҷаласаи маҷозии роҳбарони парламентҳои кишварҳо иштирок намуд
Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо Палатаи намояндагони Маҷлиси миллии Беларус мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси умумиҷаҳонии парламентӣ оид ба мубориза бо терроризм ва пешгирии ифротгароӣ иштирок намуд
Вакили Маҷлиси намояндагон: «Парлумони Тоҷикистон иштирокчии фаъол ва шарики муътамади Форуми осиёии ҳамкории парламентӣ мебошад»
ЗАБОНИ ТОҶИКӢ — ЗАБОНИ ҚУДРАТ ВА ИЛМУ ТАҲСИЛ. Андешаҳо оид ба бузургдошти забони давлатии Тоҷикистон