Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова мулоқот намуданд

Октябрь 28, 2026 18:00

ДУШАНБЕ, 28.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 28 октябр дар шаҳри Душанбе Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Туркманистон муҳтарам Дунягозел Гулманова, ки ҷиҳати иштирок дар Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, мулоқот намуданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистон, аз ҷумла густариши ҳамкории байнипарламентӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҷонибҳо аз фазои созанда ва амалии муносибатҳои ду кишвар изҳори қаноатмандӣ намуда, саҳми роҳбарони ду давлатро дар таъмиқи шарикии стратегӣ муҳим арзёбӣ карданд.

Зикр гардид, ки дар парламенти Тоҷикистон гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо Маҷлиси Туркманистон таъсис дода шудаанд.

Ҷонибҳо тақвияти робитаҳои байнипарламентӣ ва ба сатҳи сифатан нав баровардани онҳоро зарур донистанд.

Зарурати истифодаи самараноки иқтидори иқтисодии ду кишвар ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва афзоиш додани ҳаҷми гардиши мол таъкид гардид.

Ҳамзамон ба густариши робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.

Бо таваҷҷуҳ ба вазъи кунунии байналмилалӣ, ҷонибҳо ба аҳаммияти тақвияти ҳамкориҳо дар самти муқовимат ба таҳдиду чолишҳои муосир ва таъмини амнияти минтақавӣ таъкид доштанд.

 

Октябрь 28, 2026 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони парлумонҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои таъмини амнияти об, иқлим ва ҳифзи муҳити зистро баррасӣ карданд
Дар доираи Форуми чоруми байнипарлумонӣ ҷаласаи «Ҳамгироии иқтисодӣ, рушди устувор ва тавсеаи шарикии минтақавӣ» баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Курултайи Ҷумҳурии Қазоқистон Айбек Дадебай мулоқот намуданд
Дар Тоҷикистон Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Душанбе Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ бо шоҳкориҳои Театри миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунёгузел Гулманова вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Пешниҳодҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори ИДМ дастгирӣ ёфтанд
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Дар доираи Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ташаббуси Парлумони Тоҷикистон оид ба таҳияи ду қонуни намунавӣ тасдиқ шуд