Роҳбари миссияи ХБА Селим Элекдаг тадбирҳои зиддибӯҳронии Ҳукумати Тоҷикистонро натиҷабахш арзёбӣ намуд
ДУШАНБЕ, 16.06.2021. /АМИТ «Ховар»/. Бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар натиҷаи андешидани тадбирҳои саривақтии зиддибӯҳронии Ҳукумати мамлакат оид ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ва ислоҳоти анҷомдодашуда рушди Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2020 ба 4,5 фоиз баробар гардид. Инчунин дар моҳҳои январ-майи соли равон рушди иқтисоди миллӣ 8,6 фоизро ташкил намуд, ки ин барқароршавии иқтисодиётро нишон медиҳад. Дар ин бора Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо роҳбари миссияи Хазинаи Байналмилалии Асъор оид ба Тоҷикистон ҷаноби Селим Элекдаг, ки 15 июн тариқи видиоконфронс доир гардид, баён намуд.
Роҳбари миссияи ХБА оид ба Тоҷикистон тадбирҳои андешидаи зиддибӯҳронии Ҳукумати мамлакатро натиҷабахш арзёбӣ намуда, зикр дошт, ки дар байни кишварҳои минтақа рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳама баланд мебошад.
Завқӣ Завқизода ҷаноби Селим Элекдагро бо таъйин шуданашон ба мансаби нав табрик намуда, дар иҷрои фаъолияти минбаъдаашон барору комёбӣ орзу намуд.
Ҳамчунин ҷонибҳо оид ба тамоюлҳои иқтисоди ҷаҳон, вазъи иҷтимоию иқтисодӣ дар соли 2020 ва моҳҳои январ-майи соли 2021, инчунин дурнамои рушди иқтисодиёт дар ояндаи миёнамуҳлат гуфтушунид намуданд.
Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ХБА дархост намуд, ки бо назардошти вазнин омадани соли 2021 ҷиҳати зиёд намудани дастгириҳои молиявии Шарикони рушд, аз ҷумла ХБА барои соҳаҳои иқтисоди миллӣ, расонидани кумаки техникӣ барои тақвияти низоми моделсозию дурнамосозии макроиқтисодӣ ва таҷдиди назар намудани дурнамои рушди иқтисодии Тоҷикистон мусоидат намояд, ки хуш пазируфта шуд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар самтҳои кам кардан ё пешгирӣ намудани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва нигоҳ доштани устувории макроиқтисодӣ баён доштанд.
АКСҲО аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ








Дар Ашт боғи интенсивӣ бо усули объёрии қатрагӣ ва боронӣ ташкил карда шудааст
Дар Душанбе ҷашни Тиргон бо баргузории иди зардолу ва намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» таҷлил мегардад
Минбаъд 12 декабр Рӯзи кормандони мақомоти аудити давлатӣ таҷлил мегардад
Байни Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Корпоратсияи саҳомии молиявии «Система»-и Русия Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки коршиносони байналмилалии IFSB ҳамоиш баргузор гардид
Байни Палатаи ҳисоби Тоҷикистон ва Идораи аудити давлатии Гурҷистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо рафти кишти такрорӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Дар Душанбе вохӯрии якуми Шурои кории Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид
Татбиқи «Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» баррасӣ гардид
Масъалаи таҳвили нафт ва маҳсулоти нафтӣ аз Эрон ба Тоҷикистон баррасӣ шуд
Сарвазири Гурҷистон аз Намоишгоҳи молу маҳсулоти кишоварзӣ ва саноати хӯроквории Тоҷикистон боздид намуд
Дар Бишкек масъалаи татбиқи лоиҳаи Хати лӯлаи гази транзитии «Осиёи Марказӣ – Чин» баррасӣ шуд






