Самбочиёни тоҷик дар Чемпионати Осиё миёни наврасон, ҷавонон ва калонсолон дар Тошканд 4 медали тилло ба даст оварданд

Июнь 7, 2021 15:05

ДУШАНБЕ, 07.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё оид ба самбо миёни наврасон, ҷавонон ва калонсолон, ки 4-6 июни соли равон  дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор шуд, сазовори  22 медал – 4 тилло, 9 нуқра, 9 биринҷӣ шуданд.

Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.

Мавриди зикр аст, ки дар  Чемпионати Осиё оид ба самбо миёни наврасон, ҷавонон ва калонсолон  аз 10 давлати қора варзишгарон  иштирок карданд.
Дар  чемпионати мазкур дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба самбо дар ҳайати 45 нафар (22 нафар калонсолон, 10 нафар ҷавонон, 13 нафар наврасон)  иштирок намуданд.

Медаҳои тиллоро Ҳамроз Раҷабов дар вазни -79кг миёни калонсолон, Меҳровар Чақалов дар вазни 64кг, Сайфиддин Сайфиддинзода дар вазни 71кг миёни наврасон ва Бобохон Мирзозода дар вазни 58кг дар самбои размӣ сазовор шуданд.

Ҳамчунин Фирдавс Насимов (98кг) миёни калонсолон, Субҳиддин Халилзода (71кг), Тӯйчибек Шарифов (79кг), Озодбек Назарбекзода (88кг), Бахтовар Бобохонов (98кг) миёни ҷавонон, Суннатулло Лоиқов (79кг), Муҳаммадҷон Абдуҷалилов (88кг), Ҷаҳонгир Ҳайдарзода (98кг) миёни наврасон ва Табрезшоҳ Парпишоев (79кг) дар самбои размӣ медали нуқра ба даст оварданд.

Медалҳои биринҷӣ насиби Масъуд Қуқаншоев (-58кг), Муҳаммадисо Раҷабов (71кг), Деваштич Убайдӣ (79кг), Хуршед Маҷидов (+98кг) миёни калонсолон, Ҷаҳонгир Камолов (64кг), Давлатҷон Назриев (+98кг) миёни ҷавонон, Анушер Гулов (58кг), Иброҳимҷон Элмуродов (98кг) миёни наврасон ва Сорбон Латифов (64кг) дар самбои размӣ соҳиб гардиданд.

 АКС аз КМО Тоҷикистон

Июнь 7, 2021 15:05

Хабарҳои дигари ин бахш

«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Рамазон Ҷумаев ва Анӯшервон Назарзода соҳиби унвони қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Душанбе гардиданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид
Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад
Варзишгари тоҷик Ҷаҳонгир Камолов дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми АвруОсиё соҳиби медали тилло шуд
Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо варзишгарон-шиноварони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид