Сармураббии дастаи «Равшан» Ғайраталӣ Мираҳмадов аз мақомаш истеъфо дод
ДУШАНБЕ, 24.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб дар сомонаи расмиаш аз истеъфо додани сармураббии даста — Ғайраталӣ Мираҳмадов хабар дод. Дар хабар омадааст, ки мутахассис бо хоҳиши худаш аз кор рафтааст.
Тавре шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо роҳбарии ин коршиноси тоҷик мавсими гузашта роҳхати Лигаи олӣ ва Ҷоми КФО-2020-ро ба даст оварда буд. Инчунин дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб таҳти сарпарастии Ғайраталӣ Мираҳмадов дар мавсими гузашта барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардида буд.
Ёдовар мешавем, ки дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб пас аз бозиҳои даври даҳуми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ дар ҷадавали гурӯҳ бо ба даст овардани 12 имтиёз дар мақоми чорум қарор дорад.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






