Сармураббии дастаи «Равшан» Ғайраталӣ Мираҳмадов аз мақомаш истеъфо дод

Июнь 24, 2021 08:39

ДУШАНБЕ, 24.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи  футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб дар сомонаи расмиаш аз истеъфо додани сармураббии даста — Ғайраталӣ Мираҳмадов хабар дод. Дар хабар омадааст, ки мутахассис бо хоҳиши худаш аз кор рафтааст.

Тавре шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб  бо роҳбарии ин коршиноси тоҷик мавсими гузашта роҳхати Лигаи олӣ ва Ҷоми КФО-2020-ро ба даст оварда буд. Инчунин дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб таҳти сарпарастии Ғайраталӣ Мираҳмадов дар мавсими гузашта барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардида буд.

Ёдовар  мешавем, ки  дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб пас аз   бозиҳои даври даҳуми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ дар ҷадавали гурӯҳ бо  ба даст овардани 12 имтиёз дар мақоми чорум қарор дорад.

Июнь 24, 2021 08:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид
Мусобиқаҳои варзишӣ оид ба футболи хурд ва шоҳмоту шашка байни кормандони вазорату идораҳо ҷамъбаст шуд
ФУТБОЛ. Мунтахаби Тоҷикистон «CAFA Nations Cup 2025»-ро бо бозӣ муқобили Малайзия оғоз менамояд
Дастаи Академияи футболи ФФТ дар Мусобиқаи «Ҷоми Қошғар» сазовори ҷои дуюм гардид
Дар Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ (CAVA) оғоз гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар Мусобиқаи «CAFA Nations Сup 2025» иштирок мекунад
Дар Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ оид ба волейбол байни духтарони то 16-сола баргузор мегардад
Конфедератсияи футболи Осиё тақвими бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 оид ба футзалро тасдиқ намуд
ФУТБОЛ. Пагоҳ дар Душанбе марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 байни дастаҳои занона дар гурӯҳи «H» оғоз мешавад
Рақибони дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 маълум шуданд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар бозии дӯстона боз бар тими Амороти Муттаҳидаи Араб ғалаба кард
ФУТБОЛ. Фонди ҷоизавии мусобиқаи «Ҷоми Ҷавонӣ-2025» 60 ҳазор сомониро ташкил медиҳад