Шаш паҳлавони шинохтаи тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба намуди гӯштини дзюдо дар Будапешт иштирок мекунанд
ДУШАНБЕ, 03.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз 6 то 13 июни соли равон дар шаҳри Будапешти Маҷористон Чемпионати ҷаҳони оид ба намуди гӯштини дзюдо баргузор мешавад. Дар мусобиқаи мазкур миёни мардон панҷ гӯштингири шинохтаи тоҷик Шаҳбоз Саидаброров (-66 кг), Акмал Муродов (- 81 кг), Комроншоҳи Устопириён (-90 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-90 кг) Темур Раҳимов (+ 100 кг) ва дар сабқати занон Шукрона Қарчиева дар вазни то 48 кг Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ мекунанд.
Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи дзюдои Тоҷикистон хабар медиҳад.
Тибқи муқаррароти Федератсияи ҷаҳонии дзюдо, дар ин чорабинии бузурги ҷаҳонӣ, ки охирин имконият барои варзишгарони роҳхатногирифтаи Бозиҳои Олимпии Токио-2020 мебошад, ширкати 706 дзюдочӣ аз 132 мамлакати 5 қитъаи ҷаҳон дар назар аст.
Мавриди зикр аст, ки ин мусобиқаи ҷаҳонӣ ба гӯштигирон имкон медиҳад, ки хазинаи имтиёзҳои худро дар раддабандии Федератсияи байналмилалии дзюдо (IJF) пурра намоянд, инчунин барои дарёфти роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2020 дар Токио имтиёзҳои муҳим ба даст биёранд. Барои медали тилло 2000 имтиёз, барои медали нуқра 1400 имтиёз ва барои медали биринҷӣ 1000 имтиёз дода мешавад.
Хотиррасон мекунем, ки ширкати паҳлавони шинохтаи тоҷик Сомон Маҳмадбеков низ дар ин мусобиқа дар назар буд, вале бо сабаби осеб гирифтанаш варзишгар аз иштирок дар Чемпионати ҷаҳон даст кашид.
АКС аз Федератсияи дзюдои Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






