Соҳибкорони шаҳри Норак дар боғи фарҳангӣ беш аз 500 ниҳолу дарахтони сояафкану ороишӣ шинонданд

Июнь 14, 2021 14:06

НОРАК, 14.06.2021. /АМИТ «Ховар»/. Соҳибкорони шаҳри сайёҳии Норак ҷавобан ба ташаббусҳои наҷибонаи Пешвои миллат барои сабзу хуррам ва обод гардонидани шаҳр, хусусан боғи фарҳангию истироҳатии маркази шаҳр ҷиҳати истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонию хуррамгардониро тавсеа медиҳанд.

Онҳо ба маблағи 600 ҳазор сомонӣ беш аз 500 ниҳолу дарахтони сояафкану ҳамешасабз ва ороишӣ, ба монанди палма, сиренаи бофта, афросурх, кипарис, лавровис, барбарис, куника, магнолияро аз хориҷи кишвар дастрас намуда, дар боғи фарҳангию истироҳатии шаҳр шинонданд.

Бояд тазаккур дод, ки тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак лоиҳаи таҷдиду навсозии боғи фарҳангию истироҳатии маркази шаҳрро ба таври замонавӣ омода намуда, аз моҳи апрели соли равон корҳои ободонию бунёдкорӣ дар он оғоз гардидааст.

Аксҳо аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак

Июнь 14, 2021 14:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Мурғоб коргоҳи маҳсулоти қаннодии «Нозанин» ва 5 гармхона ба фаъолият шуруъ намуданд
Дар назди муассисаҳои таълимии ноҳияи Ванҷ синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуд
50 километр роҳи деҳоти Ҳисор ва Ориён то сарҳади Узбекистон таъмир мегардад
Дар Мурғоб калонтарин неругоҳи офтобӣ ба истифода дода шуд
Дар Шуғнон корхонаҳои саноатӣ ва иншооти соҳаҳои тандурустӣ ва маориф ба истифода дода шуданд
Дар Хоруғ кӯдакистонҳо, маркази обуҳавошиносӣ ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Мурғоб муассисаи таълимии томактабии «Лола» ба истифода дода шуд
Дар Бадахшон муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ба истифода дода шуданд
Сохтмони бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд идома дорад
35-СОЛАГИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Спитамен беш аз 600 иншоот сохта ба истифода дода мешавад
Дар шаҳри Истаравшан сохтмони зиёда аз 20 иншооти соҳаи маориф идома дорад
35-СОЛАГИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Ховалинг таъмиру навсозии беш аз 200 иншоот ба нақша гирифта шудааст