Сулаймон Султонзода дар ҷаласаи IV роҳбарони ташкилоти зидди коррупсия ва омбудсменҳои кишварҳои узви СҲИ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок кард
ДУШАНБЕ, 18.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. 16-17 июн дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷаласаи чоруми роҳбарони ташкилоти зидди коррупсия ва омбудсменҳои кишварҳои узви Созмони ҳамкории Иқтисодӣ (ОЭС) баргузор гардид, ки дар кори он директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Султонзода иштирок кард.
Тавре аз маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷаласаи мазкур Сулаймон Султонзода дар атрофи сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ ва дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт суханронӣ намуд.
Тазаккур бояд дод, ки 10-11 июни соли равон Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, дар доираи ин сафар байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Ёддошти тафоҳум» ва бо Департаменти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии назди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Ӯзбекситон «Созишномаи ҳамкорӣ» ба имзо расонида шуд.
Дар ин замина дар чаҳорчубаи ҷаласаи болозикр вохӯриҳои дуҷонибаи директори Агентӣ бо роҳбарияти Агентии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Департаменти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии назди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Агентии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид.
Дар маҷмӯъ, чорабинӣ дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифта, умед аст, ки натиҷаҳои он ба рушди ҳамкории байналмилалии Агентӣ муосидат менамоянд.
АКС: аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия








Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд






