СУРАТ-ДАЛЕЛ. Дар Хадамоти муҳоҷират номнависӣ барои кор дар ширкати сохтмонии «ПИК-Модул»-и шаҳри Москва идома дорад
ДУШАНБЕ, 23.06.2021/АМИТ «Ховар»/. Дар Хадамоти муҳоҷират аз ҷониби ширкати сохтмонии «ПИК-Модул»-и шаҳри Москваи Федератсияи Россия номнавис ва бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандони ҷумҳурӣ идома дорад.
Тавре қаблан хабар додем, муҳлати қабул танҳо се рӯз, аз 21 то 23 июни соли равон муайян шудааст. Музди меҳнати кормандон 55 -65 ҳазор рубли русиро ташкил медиҳад. Ҳамзамон чипта ройгон буда, тамоми хароҷот аз ҷониби ширкати сохтмонии «ПИК Модул» пардохт карда мешавад. Рӯзи корӣ аз соати 8 субҳ то 8 бегоҳирӯзӣ дар ду баст ба роҳ монда шудааст.
Ширкати мазкур барои фаъолияти меҳнатӣ мардони то синни 43 соларо ба кор қабул мекунад.