ДАСТОВАРДИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Китобхонаи миллии Тоҷикистон иқтидори нигоҳдории то 10 миллион нусха китобро дорад

Сентябрь 13, 2026 10:30

ДУШАНБЕ, 13.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Яке аз дастовардҳои муҳим ва назарраси даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ташаккул ва таҳкими низоми нави ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва моддию техникии соҳаи китобдорӣ ба шумор меравад. Дар ин замина Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамчун маркази бузурги илмӣ, маърифатӣ ва фарҳангӣ мавқеи калидӣ касб намуда, дар ҳифз, ҷамъоварӣ ва тарғиби мероси хаттӣ ва фарҳангии миллӣ нақши муҳим дорад.

– Бунёди бинои нави Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, ки иқтидори нигоҳдории то 10 миллион нусха китобро дорад, аз ҷумлаи муҳимтарин дастовардҳои фарҳангии даврони истиқлол ба ҳисоб меравад. Ин иншооти бузурги фарҳангӣ на танҳо рамзи эҳтиром ба китобу дониш, балки таҷҷасумгари сиёсати фарҳангӣ, илмӣ ва маърифатпарваронаи давлат буда, саҳми арзандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар рушди китобдорӣ бозгӯйӣ менамояд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон хабар доданд, дар фонди китобхона беш аз 3 миллион китобу маҷалла ва асноди гуногуни чопӣ бо 63 забони ҷаҳон маҳфуз аст. Ҳамасола фонди китобхона ба ҳисоби миёна бо 35 ҳазор китоб, маҷалла, рӯзнома, асноди меъёрӣ, корҳои илмӣ- монографияҳо, дастурҳои библиографӣ, энсиклопедияҳо ва дигар маводи иттилоотӣ ғанӣ мегардад.

Иттилоъ дода шуд, ки фонди электронии китобхона беш аз 330 нусха адабиётро бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дар бар гирифта, шумораи истифодабарандагони маҷозии он ба 57 ҳазору 600 нафар расидааст.

Пойгоҳи электронии «Библиография» беш аз 249 ҳазору 217 сабти библиографии мақолаҳои рӯзномаю маҷаллаҳоро фаро мегирад. Маълумоти он аз соли 1929 оғоз шуда, барои ҷустуҷӯ ва омӯзиши маводи матбуотии давраҳои гуногун имконияти васеъ фароҳам меорад.

Ин нишондиҳандаҳо бозгӯи онанд, ки дар солҳои Истиқлоли давлатӣ Китобхонаи миллии Тоҷикистон тадриҷан аз як муассисаи анъанавии ҳифзу нигоҳдории китоб ба маркази муосири бисёрҷанбаи илмӣ, иттилоотӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ табдил ёфтааст.

Таваҷҷуҳи пайвастаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди илму маориф, фарҳанг ва маърифати ҷомеа барои баланд бардоштани мақоми дониш, китобу китобхонӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва тарбияи насли дорои ҷаҳонбинии васеъ заминаи мусоиди фароҳам оварда, дар натиҷа, якчанд ташаббусҳои муҳимми давлатӣ амалӣ гардиданд. Аз ҷумла, фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ, китобхонаҳо ва дигар ниҳодҳои маърифатӣ ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, дар маҷмуъ ба таҳкими ҳувияти миллӣ, эҳтиром ба таъриху фарҳанги ниёгон ва густариши фарҳанги китобхонӣ мусоидат намуд.

Ёдовар мешавем, ки Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар 21–солагии Истиқлолӣ давлатӣ – 20 марти соли 2012 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд.

Дарозии бино 167 метр ва баландиаш 52 метр буда, масоҳати умумии он баробар ба 45 ҳазор метри мураббаъ аст. Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ки дорои 25 толори хониш бо якуним ҳазор ҷойи нишаст, 28 махзани нигоҳдории китобу санадҳо ва 10 толори маҷлисӣ аст, барои нигоҳдории 10 миллион нусха китоб пешбинӣ шудааст.

Китобхона дорои толорҳои гуногуни хониш, маҳфузгоҳҳо барои нигоҳдории китоб ва дигар асноди иттилоотӣ, ҳуҷраҳои маъмурӣ, маҷлисгоҳҳо ва толорҳои баргузории ҷаласаҳо, симпозиуму конфронсҳо, чопхонаву лабораторияҳои тармими китобҳо, бахшу шуъбаҳои корӣ ва дигар шабакаҳои хадамотӣ аст, ки ҳама ҷавобгӯи талаботи стандарти ҷаҳонӣ мебошанд. Аксари толорҳои хониш соҳавӣ буда, китобҳои зарурӣ дар худи толорҳо нигоҳ дошта мешаванд, ки барои хонандагон мусоид аст.

Бисёр намуди хизматрасониҳо ба таври электронӣ анҷом дода мешаванд. Аз ҷумла, хонанда аз ҷойи нишасташ метавонад китоби заруриро тавассути шабакаи дохилии электронӣ дархост кунад ва дар муддати кӯтоҳ маводи фармудааш ба ӯ дастрас мегардад. Толорҳо барои чорабиниҳои илмию фарҳангӣ, аз ҷумла конфронсу симпозиумҳо тарзе бино ёфтаанд, ки дар онҳо то ҳамоишҳои сарони давлатҳоро баргузор кардан имкон дорад.

Китобхонаи миллии Тоҷикистон муассисаи давлатии ҳифзи мероси фарҳангӣ нигоҳдорандаи ҳуҷҷатҳо ва бойгонии матбуоти миллӣ, маркази ҷумҳуриявии илмӣ-таҳқиқотӣ, илмӣ-методӣ ва иттилоотӣ ва фарҳангӣ ба ҳисоб рафта, пешбурди фаъолияти китобхонашиносӣ, библиографияшиносӣ, китобшиносӣ ва татбиқи технологияҳои нави иттилоотиро таъмин менамояд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 13, 2026 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Шудгор аз аввали моҳи октябр то охири моҳи декабр гузаронида мешавад
«ҶАҲОНИ РАССОМ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши асарҳои Дӯст Азизов ташкил гардид
Дар Душанбе Рӯзҳои синамои Қирғизистон доир мегарданд
МУАЛЛИМ–АҚЛ, ШАРАФ ВА ВИҶДОНИ ҶОМЕА. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои омӯзгорон сайри идонаи осорхонавӣ ташкил гардид
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
«НАМАКДОНИ МИЛЛАТ КАФИ ДАСТИ ӮСТ!». Таҳти чунин унвон китоби Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
ЗАБОН ВА 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ доир шуд
Барои Сарвазири Тотористон ва ҳамроҳонаш сайри осорхонавӣ ташкил гардид
Вазирони корҳои дохилии ИДМ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд