ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА УФУҚҲОИ НАВИ РУШДИ ИЛМ. Андешаҳо оид ба ташаббуси ҷаҳонии Тоҷикистон ва астрономияи муосир

Сентябрь 13, 2026 14:30

ДУШАНБЕ,  13.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар оғози ҳазорсолаи сеюм инсоният ба марҳилаи нави рушди илмӣ ва технологӣ ворид гардид. Пешрафти босуръати технологияҳои рақамӣ, афзоиши иқтидори ҳисоббарорӣ ва ташаккули системаҳои зеҳни сунъӣ на танҳо тарзи кору зиндагии инсон, балки усулҳои гузаронидани таҳқиқоти илмиро низ ба таври куллӣ тағйир медиҳад.

— Имрӯз зеҳни сунъӣ дигар танҳо мавзуи таҳқиқоти мутахассисони соҳаи информатика набуда, тадриҷан ба воситаи муҳими кори математикон, физикҳо, астрономҳо, биологҳо, табибон, муҳандисон ва намояндагони дигар соҳаҳои илм табдил меёбад. Алгоритмҳои муосир имкон медиҳанд, ки ҳаҷми азими маълумот дар муҳлати кӯтоҳ таҳлил гардида, робитаҳои мураккаби байни падидаҳо ошкор ва равандҳое моделсозӣ карда шаванд, ки коркарди онҳо бо усулҳои анъанавӣ вақти зиёдро талаб менамуд.

Дар чунин марҳилаи муҳими таърихӣ ташаббуси навбатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ аҳаммияти хосса пайдо мекунад. 31 августи соли 2026 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъномае қабул намуд, ки тибқи он аз соли 2027 ҳамасола 31 август ҳамчун Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод таҷлил мегардад.

Ин иқдом аз он шаҳодат медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари ташаббусҳои байналмилалӣ вобаста ба масъалаҳои об, ҳифзи пиряхҳо, иқлим ва рушди устувор ба масъалаҳои нави илмӣ ва технологии ҷаҳони муосир низ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамояд. 

Аз идеяи илмӣ то технологияи ҷаҳонӣ

Интихоби 31 август ҳамчун Рӯзи байналмилалӣ дорои маънои таърихӣ мебошад. 31 августи соли 1955 олимони маъруф Ҷон Маккарти, Марвин Минский, Натанел Рочестер ва Клод Шеннон пешниҳоди машҳури «A Proposal for the Dartmouth Summer Research Project on Artificial Intelligence»-ро таҳия намуданд. Ин пешниҳод, ки заминаи баргузории лоиҳаи Дартмут дар соли 1956 гардид, яке аз рӯйдодҳои муҳим дар ташаккули зеҳни сунъӣ ҳамчун самти мустақили илмӣ ба ҳисоб меравад.

Аз он замон зиёда аз ҳафт даҳсола сипарӣ гардид. Дар ин муддат системаҳои ҳисоббарорӣ аз иҷрои амалҳои нисбатан содаи математикӣ то омӯзиши мошинӣ, шабакаҳои нейронӣ, омӯзиши амиқ ва моделҳои тавлидкунандаи матн, тасвир ва дигар намудҳои иттилоот рушд карданд.

Имрӯз масъала дигар танҳо дар он нест, ки мошин кадом вазифаҳоро иҷро карда метавонад. Масъалаи асосӣ ин аст, ки инсоният чӣ гуна метавонад аз чунин имконияти бузург бехатар, масъулона, боэътимод ва ба манфиати ҷомеа истифода намояд.

Маҳз аз ҳамин нуқтаи назар ташаббуси Тоҷикистон дорои мазмуни амиқи илмӣ ва иҷтимоӣ мебошад. Пешрафти технология бояд ҳамқадами масъулият бошад.

Зеҳни сунъӣ ҳамчун воситаи нави таҳқиқоти илмӣ 

Яке аз самтҳое, ки зеҳни сунъӣ метавонад дар он дигаргуниҳои ҷиддӣ ба вуҷуд оварад, илм мебошад. Илми муосир ҳамасола ҳаҷми бузурги маълумот тавлид мекунад. Расадхонаҳои астрономӣ, моҳвораҳо, озмоишгоҳҳо, марказҳои мониторинги Замин ва дигар инфрасохтори илмӣ миллионҳо ва миллиардҳо воҳиди маълумот ҷамъоварӣ менамоянд. Коркарди пурраи чунин ҳаҷми иттилоот танҳо бо меҳнати дастии муҳаққиқон амалан ғайриимкон мегардад.

Дар чунин шароит алгоритмҳои зеҳни сунъӣ метавонанд ҳамчун ёрдамчии пуриқтидори олим хизмат намоянд. Онҳо метавонанд маълумотро гурӯҳбандӣ кунанд, объектҳоро муайян созанд, тағйироти ғайриодӣ ва қонуниятро ҷустуҷӯ намоянд, натиҷаҳои мушоҳидаҳоро муқоиса ва барои таҳқиқоти минбаъда объектҳои ҷолибро интихоб кунанд.

Аммо як принсипи бунёдӣ бояд ҳамеша риоя гардад: зеҳни сунъӣ воситаи ёрирасони олим аст, на ҷойгузини тафаккури илмӣ.

Ҳар натиҷае, ки алгоритм пешниҳод мекунад, бояд аз ҷониби мутахассис санҷида, бо маълумоти мушоҳидавӣ муқоиса ва аз нигоҳи илмӣ асоснок карда шавад. Илм ба далел, такроршавии натиҷа ва санҷиши мустақил такя мекунад ва рушди технология набояд ин принсипҳоро тағйир диҳад. 

Астрономия ва зеҳни сунъӣ

Астрономия яке аз соҳаҳое мебошад, ки имконоти зеҳни сунъӣ барои он махсусан муҳиманд. Телескопҳои муосир шабона ҳазорҳо ва ҳатто миллионҳо тасвир ва ченкуниҳои рақамӣ ба даст меоранд. Расадхонаҳои кайҳонӣ ва заминӣ пайваста маълумот дар бораи ситораҳо, галактикаҳо, кометаҳо, астероидҳо, объектҳои тағйирёбанда ва дигар ҷирмҳои кайҳонӣ ҷамъоварӣ менамоянд. Дар чунин шароит яке аз вазифаҳои асосии астрономияи муосир на танҳо гирифтани маълумот, балки коркарди босуръат ва дурусти он мебошад.

Алгоритмҳои омӯзиши мошинӣ (Machina Learning) ва зеҳни сунъӣ метавонанд барои муайян намудани объектҳо дар тасвирҳои астрономӣ, таснифи ситораҳо ва галактикаҳо, ҷустуҷӯи объектҳои тағйирёбанда, ошкор намудани астероидҳо ва кометаҳо, таҳлили каҷиҳои рӯшноӣ, коркарди тайфҳо ва ҷустуҷӯи падидаҳои ғайриодӣ истифода шаванд.

Барои омӯзиши ҷирмҳои хурди системаи офтобӣ низ чунин технологияҳо дурнамои васеъ доранд. Кометаҳо ва астероидҳо объектҳои динамикӣ мебошанд. Тағйирёбии дурахшонӣ, пайдоиши сохторҳо дар кома, ташаккули думҳо, фрагментатсия ва дигар падидаҳо баъзан дар фосилаи кӯтоҳи вақт ба амал меоянд. Коркарди автоматии пайдарпайии зиёди тасвирҳои телескопӣ метавонад барои сари вақт ошкор намудани чунин тағйирот имконияти нав фароҳам оварад.

Имконоти нав барои астрономияи Тоҷикистон 

Барои Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон масъалаи истифодаи технологияҳои муосири рақамӣ аҳаммияти махсус дорад.

Тоҷикистон дорои анъанаҳои ғании таҳқиқоти астрономӣ буда, дар ҷумҳурӣ пойгоҳи мушоҳидавии илмӣ ташаккул ёфтааст. Расадхонаҳои астрономии институт имкон медиҳанд, ки мушоҳидаҳои объектҳои гуногуни кайҳонӣ анҷом дода шаванд.

Дар марҳилаи нави рушди илм вазифаи муҳим аз он иборат аст, ки имконоти мушоҳидавии мавҷуда бо технологияҳои муосири рақамӣ, коркарди автоматии маълумот ва тадриҷан бо усулҳои зеҳни сунъӣ пайваст карда шаванд.

Яке аз самтҳои ояндадор коркарди худкори тасвирҳои астрономӣ мебошад. Ҳангоми мушоҳидаи кометаҳо, астероидҳо ва дигар объектҳо дар як шаб шумораи зиёди аксҳои рақамӣ гирифта мешавад. Алгоритмҳои муосир метавонанд барои муайян намудани маркази фотометрии объект, ҷудо намудани объект аз заминаи осмон, муқоисаи пайдарпайии тасвирҳо ва ҷустуҷӯи тағйироти морфологӣ кумак расонанд.

Самти дигари муҳим — истифодаи технологияҳои рақамӣ барои коркарди бойгониҳои астрономӣ мебошад.

Давоми даҳсолаҳо дар расадхонаҳои Тоҷикистон миқдори зиёди фотолавҳаҳои астрономӣ ҷамъоварӣ шудаанд. Ин мавод на танҳо арзиши таърихӣ, балки аҳаммияти бузурги илмӣ дорад, зеро дар онҳо ҳолати осмон ва объектҳои астрономӣ дар давраҳои гузашта сабт гардидааст.

Рақамикунонии чунин бойгонӣ ва коркарди он бо истифода аз зиҷҳои муосири астрометрӣ метавонад ба маълумоти кӯҳна «ҳаёти нави илмӣ» бахшад. Дар оянда истифодаи алгоритмҳои автоматӣ ва элементҳои зеҳни сунъӣ метавонад барои шинохти объектҳо дар тасвирҳои рақамикунонида, муқоисаи онҳо бо зиҷҳои муосир ва ҷустуҷӯи тағйироти дарозмуддати ҷирмҳои осмонӣ мусоидат намояд.

Ин метавонад яке аз самтҳои ҷолиби пайванди мероси илмии астрономияи Тоҷикистон бо технологияҳои асри XXI гардад.

Маълумоти бузург ва астрономияи оянда 

Астрономияи ҷаҳонӣ босуръат ба давраи «маълумоти бузург» ворид мешавад. Телескопҳои насли нав ҳаҷми маълумотеро тавлид мекунанд, ки таҳлили он бе усулҳои автоматӣ ниҳоят душвор аст.

Дар чунин муҳит рақобатпазирии муассисаи илмӣ танҳо аз андозаи телескоп вобаста нахоҳад буд. Қобилияти коркарди маълумот, истифодаи барномаҳои муосир, пайвастан ба пойгоҳҳои байналмилалии астрономӣ ва омода намудани мутахассисони дорои донишҳои астрономия, математика ва технологияҳои рақамӣ аҳаммияти торафт бештар пайдо мекунад.

Аз ин рӯ, барои рушди минбаъдаи астрономияи Тоҷикистон омода намудани насли нави мутахассисон зарур аст. Астрономи оянда бояд дар баробари физика ва астрономия бо барномасозӣ, омор, таҳлили маълумот ва усулҳои омӯзиши мошинӣ низ шиносоии амиқ дошта бошад.

Ин масъала танҳо ба астрономия маҳдуд намешавад. Зеҳни сунъӣ соҳаи байнисоҳавӣ мебошад ва пешрафти воқеии он ҳамкории математикон, физикҳо, муҳандисон, барномасозон ва мутахассисони дигар соҳаро талаб мекунад.

Технология бояд бо масъулият ҳамқадам бошад

Бо вуҷуди имконияти бузург истифодаи зеҳни сунъӣ бе хатар нест. Алгоритм метавонад натиҷаи нодуруст пешниҳод кунад. Маълумоти нокифоя ё ғаразнок метавонад ба хулосаи ғалат оварда расонад. Моделҳои тавлидкунанда метавонанд матн, тасвир ва ҳатто маълумоти зоҳиран илмиро пешниҳод кунанд, ки дар асл асоси воқеӣ надоранд.

 

Илм, маориф ва кадрҳои нав

Барои Тоҷикистон рушди зеҳни сунъӣ масъалаи омода намудани кадрҳо мебошад. Бе мутахассисони баландихтисос ягон технологияи пешрафта наметавонад ба омили рушди устувор табдил ёбад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки ҷавонон дар баробари донишҳои бунёдии математика, физика ва дигар илмҳои дақиқ малакаҳои барномасозӣ, таҳлили маълумот ва кор бо технологияҳои рақамиро низ азхуд намоянд.

Муассисаҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ метавонанд дар ин самт ҳамкории байнисоҳавиро тақвият диҳанд. Ташкили гурӯҳҳои муштараки илмӣ, ҷалби олимони ҷавон ба лоиҳаҳои рақамӣ, таҳияи пойгоҳҳои маълумоти миллӣ ва татбиқи усулҳои зеҳни сунъӣ дар масъалаҳои воқеии илмӣ метавонад заминаи рушди мактаби миллии технологияҳои навро фароҳам оварад.

Барои мо махсусан муҳим аст, ки ҷавонон танҳо истифодабарандаи технологияҳои тайёр набошанд. Онҳо бояд тадриҷан ба таҳиякунанда, муҳаққиқ ва офарандаи технологияҳои нав табдил ёбанд.

Ташаббуси Тоҷикистон ва масъулияти ҷомеаи илмӣ

Эълон гардидани 31 август ҳамчун Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод барои Тоҷикистон на танҳо дастоварди дипломатӣ, балки масъулияти нави илмӣ ва иҷтимоӣ низ мебошад. Ин ташаббус метавонад барои густариши муколамаи байналмилалӣ, ташкили конференсияҳо ва форумҳои илмӣ, рушди ҳамкории байни муассисаҳои таҳқиқотӣ ва ҷалби ҷавонон ба омӯзиши технологияҳои нав заминаи мусоид фароҳам оварад.

Барои ҷомеаи илмии Тоҷикистон ин имкониятест, ки масъалаи зеҳни сунъиро на ҳамчун падидаи дур аз фаъолияти худ, балки ҳамчун яке аз воситаҳои муҳими рушди илм дар даҳсолаҳои оянда баррасӣ намояд.

Мо бояд технологияро на танҳо истифода барем, балки принсипҳои фаъолияти онро омӯзем, имконияту маҳдудияташро дуруст арзёбӣ кунем ва онро ба ҳалли масъалаҳои мушаххаси илмӣ ва иҷтимоии мамлакат равона созем.

Хулоса

Дар таърихи илм ҳар марҳилаи нави технологӣ имконияти нав ва ҳамзамон масъулияти нав ба вуҷуд овардааст. Телескоп доираи биниши инсонро васеъ кард, компютер суръати ҳисобу таҳлилро дигаргун сохт ва имрӯз зеҳни сунъӣ имконияти коркарди дониш ва маълумотро ба сатҳи нав мебарорад. Аммо дар маркази ҳамаи ин дигаргуниҳо инсон боқӣ мемонад.

Арзиши зеҳни сунъӣ дар он нест, ки мошин то чӣ андоза метавонад ба инсон монанд шавад. Арзиши аслии он ин аст, ки мо то чӣ андоза метавонем аз ин воситаи пуриқтидор барои рушди илм, маориф, ҳифзи муҳити зист, иқтисодиёт ва беҳтар намудани зиндагии ҷомеа оқилона истифода намоем.

Барои астрономия зеҳни сунъӣ метавонад чашми нави рақамӣ бошад, ки дар байни миллионҳо мушоҳида падидаи нодирро пайдо мекунад. Аммо муайян кардани маънои илмии он, пешниҳоди фарзия, санҷиши далел ва кашфи қонуният ҳамоно вазифаи муҳаққиқ боқӣ мемонад.

Ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод паёми муҳим дорад: пешрафти технологӣ бояд бо масъулият, илм бо ахлоқ ва навоварӣ бо манфиатҳои инсон ҳамқадам бошанд.

Агар мо тавонем ин принсипро дар илм, аз ҷумла дар астрономия татбиқ намоем, технологияҳои зеҳни сунъӣ метавонанд ба яке аз абзорҳои муҳими рушди илми Тоҷикистон дар асри XXI табдил ёбанд.

Анвар БӮРИЗОДА,
 директори Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,
номзади илмҳои физикаю математика, дотсент 

АКС аз манбаъҳои боз

Сентябрь 13, 2026 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

МАҚОМИ ЗАН ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ. Давоми сеюним даҳсола мавқеъ ва мақоми зан дар ҷомеа ба куллӣ тағйир ёфт
ДАСТОВАРДИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Китобхонаи миллии Тоҷикистон иқтидори нигоҳдории то 10 миллион нусха китобро дорад
Дар назди Институти ботаника, физиология ва генетикаи растаниҳо якумин Бонки генетикии растаниҳо ба фаъолият оғоз кард
ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ТАҲДИДҲОИ НАВИ КИБЕРӢ. Ин низом аз таҳдидҳо чӣ гуна муҳофизат карда мешавад?
Дар самти пешгирӣ, ошкорсозӣ ва вокуниш ба таҳдидҳои марбут ба маводи химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ тадбирҳои муҳим андешида мешавад
ЗЕҲНИ СУНЪӢ: ТАЪРИХ, ИМКОНИЯТ ВА МАСЪУЛИЯТ. Андешаҳо оид ба ин мавзуъ
Оид ба омӯзиши яхбандии абадӣ экспедитсияи байналмилалии илмӣ-таҳқиқотӣ анҷом дода шуд
ПИРЯХШИНОСӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Оид ба марҳилаҳои эҳё, рушд ва пешсафии ин соҳа дар арсаи ҷаҳон
РАШТ ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба нақши сиёсати давлатӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоии ин ноҳия
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Тоҷикистон 182 деҳаи нав таъсис дода шуд
МАОРИФ — САРМОЯИ МИЛЛАТ. Дар ҳошияи суханронии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш
Олимони Ҳиндустон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ёдгориҳои беназир ва бозёфтҳои нодири бостоншиносӣ шинос шуданд