СУТ: Гунаи коронавируси ҳиндӣ дар 92 кишвар сабт шудааст

Июнь 22, 2021 13:40

ДУШАНБЕ, 22.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Гунаи коронавируси Delta, ки бори аввал дар Ҳиндустон ошкор шуда буд, то ҳол дар 92 кишвар ба сабт шудааст. Дар ин бора дирӯз коршиноси СУТ Мария ван Керкхов зимни брифинг изҳор дошт, хабар додааст ТАСС.

«Гунаи Delta дар 92 кишвар сабт шудааст», — гуфт Мария ван Керкхове. — Он боиси нигаронии ҷиддӣ  аст, чунки бештар сирояткунанда аст ва бо суръат дар ҷаҳон паҳн мешавад». Ба фикри мутахассис, ин, аз ҷумла, ба беэътиноии одамон нисбат ба  риояи чораҳои ҳифзи иҷтимоӣ дар кишварҳои гуногун вобастагӣ дорад.

Дар ҳамин ҳол, ёвари директори генералии СУТ Брюс Эйлвард боз ба як мушкили дигар ишора кард: тақрибан 40 кишваре, ки дар механизми COVAX иштирок мекунанд, барои идома додани барномаҳои эмгузаронӣ ваксинаҳои кофӣ надоранд. Ин дар ҳолест, ки СУТ аз тариқи ин механизм тақрибан 90 миллион вояи ваксинаҳоро тақсим кардааст. Дар баъзе кишварҳо доруҳо пурра тамом шудаанд, захираи ваксинаҳо дар кишварҳои дигар танҳо барои бо вояи дуюм  эм кардани касоне, ки вояи якумро гирифтаанд, кифоят мекунад. Чунин вазъро Эйлворд фоҷиа номид.

Мутобиқи шартҳои барномаи COVAX, кишварҳои дорои даромади баланд харидории ваксинаҳоро барои кишварҳое, ки даромадашон ба ҳар сари аҳолӣ кам аст, пардохт мекунанд. Ба нақша гирифта шудааст, ки дар чаҳорчӯби ин механизм то охири соли 2021, 2 миллиард воя ваксинаи зидди коронавирус истеҳсол ва дар саросари ҷаҳон баробар тақсим карда хоҳад шуд.

Июнь 22, 2021 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн