ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 июн, якшанбе, 178-умин рӯзи соли 2021 аст

Июнь 27, 2021 08:00

27 июни соли 1997 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия бо ташаббус ва ҷоннисориҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид.

***

7 сол пеш, 27 июни соли 2013 дар шаҳри Душанбе бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи Рӯзи Ваҳдати миллии Тоҷикистон тӯйи хайрияи 64 ҷуфти ҷавон, ки ятимону бепарасторон ва аз оилаҳои камбизот мебошанд, дастҷамъона баргузор гардида буд.  Хотиррасон бояд намуд, ки солҳои охир бо ибтикори саховатмандонаю ҷавонмардонаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври дастҷамъона ва хайрия баргузор намудани хатнасур ва тӯйҳои кӯдакону ҷавонони ятиму бепарастор ва аз оилаҳои камбизоат ба ҳукми анъана даромадааст.

***

Дар ин рӯзи соли 2014 Сарвари давлат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон бо дастовардҳои кишоварзони вилоят дар намоишгоҳи маҳсулоти гуногун шинос шуда, бо фаъолони ин соҳаи вилоят машварати корӣ  доир намуданд.

 27 ИЮН ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон — Рӯзи Ваҳдати миллӣ.

***

Дар саросари ҷаҳон — Рӯзи моҳигирон.

 ***

Дар Ҷибути — Рӯзи истиқлолият.

***

Дар Ӯзбекистон – Рӯзи кормандони  матбуот.

***

Дар Россия — Рӯзи ҷавонон.

РӮЙДОДҲО:

 27 июни соли 2014 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон вохӯрии солонаи саҳмиядорони ҶСК НБО «Роғун» баргузор гардид.

***

27 июни соли 1930 ширкати байналмилалии ҳавопаймоии Канада таъсис дода шудааст.

***

Дар ин рӯзи соли 1968 дар Иттиҳоди Шӯравӣ Қонун «Дар бораи ақди никоҳ» ба тасвиб расидааст.

***

27 июни соли 1986 дар раъйпурсии Ирландия аксарияти аҳолӣ ба ҷонибдории манъи талоқ овоз додаанд.

***

20 сол пеш аз ин, 27 июни соли 2000 Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев имтиёзи якумраи иҷтимоӣ ба даст овард.

***

27 июни соли 1998 дар Туркия бар асари заминҷунбӣ зиёда аз 100 нафар ба ҳалокат расида, 1000 нафар ҷароҳат бардоштанд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1693 дар Лондон аввалин рӯзнома барои занон нашр шудааст.

***

Соли 1816 дар Петербург (Россия) аввалин биржаи русҳо ташкил карда шудааст.

Июнь 27, 2021 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши Президенти Тоҷикистон дар рушди забони давлатӣ силсилавохӯриҳо баргузор мегарданд
Имрӯз дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе аз шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон боридани борони бошиддат ва жола дар назар аст
Дар Балҷувон иқдоми «300 рӯзи ободонӣ» эълон гардидааст
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ нақшаи истеҳсоли пилла барзиёд иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
«МАЛАКАҲОИ КАСБӢ». Дар Душанбе даври дуюми ин фестивали ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҳифзи Ватан дар ҳар давру замон вазифаи муқаддас ва пуршараф ба ҳисоб меравад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Суғд масъалаи содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба Озарбойҷон баррасӣ шуд
ТАЪСИСИ 500 ҶОЙИ НАВИ КОРӢ. Созишномаи сармоягузорӣ оид ба истифодаи панелҳои офтобӣ ба имзо расонида шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Чӣ тавр пеш аз сафар ба Русия тавассути барномаи RuID дархост фиристодан мумкин аст?