ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 июн, сешанбе, 180-умин рӯзи соли 2021 аст

Июнь 29, 2021 08:00

29 июни соли 2011 дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва  Директори иҷроияи Бонки осиёгии рушд Ашок Кумар Лаҳирӣ масоили ҳамкории гуногунҷанба бо ин ниҳоди минтақавии молиявӣ, ки аз ниҳодҳои асосии мададрасони Тоҷикистон ба шумор меравад, баррасӣ шуданд.

***

8 сол пеш, 29 июни соли 2012 Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020 тасдиқ гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба хабари мудҳиши ҳалокат ва ҷароҳати вазнин бардоштани теъдоди зиёди мардум бар асари ҳамлаи фоҷеабори террористони маргталаб дар фурудгоҳи ба номи Отатурки шаҳри Истанбул ба Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдуғон барқияи тасаллият ирсол намуданд.

 29 ИЮН ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Россия – Рӯзи киштисозон.

РӮЙДОДҲО:

 29 июни соли 1953 дар шаҳри Ҳисор осоишгоҳи «Шоҳамбарӣ» ба истифода дода шуд.

***

29 июни соли  2016 дар шаҳри Душанбе миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария машварати сиёсӣ багузор гардид.

***

61 сол муқаддам, 29 июни соли 1958 Бразилия аввалин маротиба Чемпиони ҷаҳон оид ба футбол гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 1986 дар Мексика тими Аргентина дар Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дастаи Германияро бо ҳисоби 3:2 мағлуб намуда, унвони чемпионӣ ба даст овард.

***

29 июни соли  1995 дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ бинои Созмони Умумиҷаҳонии Савдо чаппа шуд, ки дар натиҷа зиёда аз 500 нафар ба ҳалокат расиданд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1957  аввалин Фестивали ҷавонони Тоҷикистон баргузор гардид.

***

Соли 1855 дар Лондон аввалин шумораи рӯзномаи «The Daily Telegraph» нашр шудааст. Соли 2006 теъдоди нашри он ба зиёда аз 900 ҳазор нусха расида буд.

***

Соли 1998 барои зиёдтарин воридшавандагони сомонаҳои интернетӣ рекорди ҷаҳонӣ гузошта шуд. Дар он сол ба сомонаи расмии Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар як дақиқа зиёда аз 235 ҳазору 150 нафар ворид шуданд.

Июнь 29, 2021 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ оид ба тарғиби либоси миллӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Сафири Тоҷикистон дар Миср бо муовини раиси Иттифоқи журналистони африқоӣ-осиёӣ мулоқот кард
Оид ба дурнамои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистон конфронси байналмилалӣ доир гардид
Намояндагони Бонки Осиёии Рушд бо фаъолияти гузаргоҳи «Фотеҳобод — Ойбек» шинос шуданд
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!
Дар Манама ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Баҳрайн баррасӣ гардиданд
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» оғоз гардид
Мавзеи Аксикони ноҳияи Ашт бо кӯли дорои лойи табиии шифобахш ва табиати нотакрор маъруф аст
Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» доир ба сарнавишти Борбади Марвазӣ филми ҳунарӣ ба навор мегирад
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд