ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 июн, якшанбе, 157-умин рӯзи соли 2021 аст

Июнь 6, 2021 08:00

6 июни соли 2011 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Парлумони Иттиҳоди Аврупо суханронӣ намуда, бо роҳбарияту вакилони парлумон, Дабири кулли Шўрои Аврупо ва дигар сохторҳои Иттиҳоди  Аврупо мулоқоту суҳбатҳои судманд анҷом доданд. 

***

8 сол пеш, 6 июни соли 2012 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар доираи ҳамоиши  навбатии сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай бо  президентҳои Покистон,  Эрон ва Афғонистон мулоқот анҷом доданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2012 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои саҳми бузург дар рушди варзиш ва ҳаракати олимпӣ бо медали тиллои Кумитаи олимпии Чин сарфароз гардонда шуданд.

6 ИЮН ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

 Рӯзи забони русӣ- иди байналмилалӣ ва россиягӣ.

***

Дар Аргентина — Рӯзи муҳандисон.

***

Дар Қазоқистон Рӯзи полиси молиявӣ.

***

Дар Украина иди касбии кормандони воситаҳои ахбори омма- Рӯзи журналист.

РӮЙДОДҲО:

 6 июни соли 1992 миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон муносибатҳои дипломатӣ барпо гардиданд.

***

6 июни соли 2009 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Нозимов бо ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон, дараҷаи 3 сарфароз гардонда шуд.

***

10 сол пеш, 6 июни соли 2011 дар шаҳри Страсбурги Франсия Конвенсия дар бораи дар Аврупо эътироф намудани маълумоти олии дар Тоҷикистон гирифташуда ба имзо расид.

***

6 июни соли 2012 ҷаласаи даҳуми прокуророни генералии давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 1664  Амстердами Нав ба Ню-Йорк тағйири ном кард.

***

89 сол пеш аз ин, 6 июни соли 1932 дар Америка аввалин маротиба дар таърихи ҷаҳон марафони дарозтарини рақсӣ оғоз гардид, ки 4125,5 соат (то 30 ноябр) давом кард.

***

6 июни соли 1981 дар иёлати Биҳари Ҳиндустон аввалин маротиба дар таърихи садамаҳои роҳиоҳании ҷаҳон садамаи калон рух дод, ки дар натиҷаи он зиёда аз 800  нафар ҳалок гардиданд.

***

6 июни соли 1922 аввалин маҷаллаи адабӣ-тасвирии Иттиҳоди Шӯравӣ барои занон бо номи «Крестьянка» нашр шуда буд. Ҳоло ин маҷалла дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои Россия барои занон нашр мешавад.

 ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1995 дар Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол байни занон дастаи Норвегия дастаи Нигерияро бо ҳисоби калони 8:0 мағлуб кард, ки ин ҳамчун ғалабаи рекордӣ эътироф шуд.

***

Соли 1997 дар Чин тухми калонҳаҷмтарини шутурмурғ дар ҷаҳонро пайдо карданд, ки 2,35 кг вазн ва 18,67 см қутр (диаметр) дошт.

***

Соли 1999 аввалин маротиба вируси «Worm.ExploreZip» пайдо шуда буд, ки ҳазорҳо компютерро дар ҷаҳон сироят кард.

Июнь 6, 2021 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 декабр, чоршанбе, 346-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 декабр, сешанбе, 345-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 декабр, душанбе, 344-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 декабр, якшанбе, 343-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 декабр, шанбе, 342-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 декабр, ҷумъа, 341-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 декабр, панҷшанбе, 340-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 декабр, чоршанбе, 339-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 декабр, сешанбе, 338-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 декабр, душанбе, 337-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 декабр, якшанбе, 336-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 ноябр, шанбе, 335-умин рӯзи соли 2024 аст