Тоҷикистон ва Ӯзбекистон тасмим гирифтаанд, ки гардиши савдои дуҷонибаро то ба 1 миллиард $ расонанд

Июнь 7, 2021 10:51

ДУШАНБЕ, 07.06.2021/АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ва Ӯзбекистон тасмим гирифтаанд, ки гардиши савдои дуҷонибаро то ба 1 миллиард  доллари амрикоӣ расонанд. Ин ва дигар масъалаҳои марбут ба рушди ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар мулоқоти  Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода ва Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир бо муовини Сарвазир — Вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Сардор Умурзоқов дар Душанбе баррасӣ гардиданд.

Ба АМИТ  «Ховар» аз Вазорати руши иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, ки ҷонибҳо  масъалаи омодагӣ ва дар сатҳи баланд баргузор намудани сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёевро  ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карданд. Завқӣ Завқизода зикр намуд, ки бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати омодагии ҳаматарафа дар сатҳи олӣ ва мувофиқанамоии маҷмӯи ҳуҷҷатҳои дуҷониба барои баимзорасонӣ ба вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ ирсол гардиааст.

Ҳамзамон дар вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба зиёд намудани иқтидорҳои истеҳсолӣ барои рушди содирот ва таъсиси корхонаҳои муштарак дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз таҷрибаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба мувофиқа расиданд.

Бояд тазаккур дод, ки дар чор моҳи соли равон гардиши савдои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон 30 фоиз афзоиш ёфта, 133 миллион доллари амрикоиро ташкил дод.

   Аксҳо аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Июнь 7, 2021 10:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»