Туҳфаи арзишманди Пешвои миллат — китоби «Тоҷикон» ба ноҳияи Фархор расид

Июнь 30, 2021 15:59

ДУШАНБЕ, 30.06.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз туҳфаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон — китоби «Тоҷикон» ба ноҳияи Фархор расид. Теъдоди китоби мазкур   16 ҳазору 416 ададро ташкил дода,  он  аз номи Пешвои миллат ба ҳар оилаи ноҳияи Фархор  тақдим мегардад.

Дар ин бора мудири шуъбаи рушдти иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи раиси ноҳияи Фархор Ҳикматулло Ҳакимов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» итилоъ дод.

Туҳфаи Пешвои миллат-  китоби «Тоҷикон»  бо иштироки шахсони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷоияия ноҳия пагоҳ ба  ҷамоатҳои    деҳоти ноҳия ирсол мегардад.

«Мардуми шарафманди фархорзамин дер боз ин рӯзро интизор буданд. Зеро шиносоӣ бо гузаштаи  пурифтихори халқи тоҷик ва дар ин замина баланд бардоштани ҳисси худшиносии насли имрӯзу фардои миллат мебошад. Дар ҳақиқат  мутолиаи шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров- китоби «Тоҷикон»  барои ҳар тоҷику тоҷикистонӣ  муҳим арзёбӣ гардида, ин иқдоми наҷибонаи Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шоистаи таҳсину ситоиши ҳамагон мебошад», — афзуд Ҳикматулло Ҳакимов.

Ёдовар мешавем, ки дар асоси супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров – китоби «Тоҷикон» чоп гардида, то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ аз номи Сарвари давлат ба ҳар оилаи мамлакат тақдим карда мешавад.

АКСҲО: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор

Июнь 30, 2021 15:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад