ҚУРБИ АСЪОР: дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон 1 рубли русӣ аз 0.1542 то 0.1580 сомонӣ муқаррар шудааст
ДУШАНБЕ, 7.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА — 11.3200 сомонӣ;
1 евро – 13.7187 сомонӣ;
1 рубли русӣ — 0.1542 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин имрӯз қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст:
1 доллари ИМА аз 11.3200 то 11.3400 сомонӣ;
1 евро аз 13.7187 то 14.0000 сомонӣ;
1 рубли русӣ аз 0.1542 то 0.1580 сомонӣ.
БМТ огоҳ менамояд, ки «берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад».








Байни сохторҳои мониторинги молиявии Тоҷикистону Русия ду санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи 45-уми пленарии Гурӯҳи Авруосиё ба таъмини амнияти иқтисодию молиявӣ мусоидат менамояд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2124 сомонӣ муқаррар гардидааст
Дар доираи ҷаласаи 45-уми пленарии ГАО ҳамоиш баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи 45-уми пленарии ГАО оғоз шуд
Дар КВД «Саноатсодиротбонк» бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид






