Қурби биткоин бори аввал аз моҳи январи соли 2021 ба ин сӯ то 30 ҳазор доллар коҳиш ёфт
ДУШАНБЕ, 23.06.2021/АМИТ «Ховар»/. Арзиши биткоин дар криптобиржаи Binance бори аввал аз моҳи январи соли 2021 ба ин сӯ то 30 ҳазор доллар коҳиш ёфт. Ҳадди аққали коҳиши нархномаи altcoin ба 29,2 ҳазор доллар расид. Дар тӯли 24 соати охир он боз 9 фоиз арзонтар шуд. Капитализатсияи бозории дороиҳо, тибқи маълумоти CoinGecko то 560 миллиард доллар коҳиш ёфтааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Ёдовар мешавем, ки аз моҳи декабри соли гузашта, криптовалюта босуръат боло мерафт ва якчанд нишондиҳандаҳои рекордиро шикаст. Дар моҳи апрели соли равон арзиши bitcoin ба 64,8 ҳазор доллар расида буд.
Дар тӯли чанд моҳи охир криптовалюта 55 дарсад коҳиш ёфт.
Коршиносон бар ин назаранд, ки суқути босуръати Bitcoin ба хабарҳои номатлуб аз Чин вобаста аст, ки дар он ҷо Бонки Халқии Чин (БХЧ) ба муассисаҳои молиявии маҳаллӣ, аз ҷумла бонкҳои калонтарин ва низоми пардохти Alipay дастур додааст, ки дар муомилоти вобаста ба криптовалютҳо ширкат накунанд. Пас аз ҷорӣ намудани маҳдудияти истифодаи криптовалюта мутахассисон — майнерҳо низ Чинро тарк мекунанд. Маҳдудиятҳо дар чаҳор вилояти Чин, аз ҷумла Сичуан, ки маркази асосии муомилаи криптовалюта ҳисобида мешуд, ҷорӣ карда шуданд.
АКСИ: GLOBAL LOOK PRESS








Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд






