Устодону донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн ба тарбиятгирандагони Хонаи кӯдакони №1-и пойтахт кумак намуданд
ДУШАНБЕ, 01.06.2021. /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон, ки ҳамасола 1 июн таҷлил мегардад, ҳайати устодону донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар партави дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирӣ намудани қишри ниёзманди аҳолӣ ба аёдати тарбиятгирандагони Хонаи кӯдакони №1-и синни томактабии шаҳри Душанбе омаданд.
Аз ҷониби Раёсати донишкада ба кӯдакони хонаи бачагон шириниҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардида, инчунин барои онҳо барномаи ҷолиби фарҳангию фароғатӣ пешниҳод карда шуд. Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон чунин анъанаро – боздид аз хонаи кӯдакон ва расонидани ёрӣ ба онҳоро зарфи 8 сол аст, ки идома медиҳад.
Аксҳо аз Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн










«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






