Варзишгари шинохтаи тоҷик Муҳаммадҳасан Шомаҳмадов дар мусобиқаи «Taekwondo Beirut Open» соҳиби медали биринҷӣ шуд

Июнь 21, 2021 13:19

ДУШАНБЕ, 21.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгари шинохтаи тоҷик оид ба таэквондо ВТФ Муҳаммадҳасан Шомаҳмадов дар мусобиқаи байналмилалии «Taekwondo Beirut Open» сазовори медали биринҷӣ шуд. Дар ин бора аз  Федератсияи таэквондо ВТФ-и Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар»  хабар доданд.

Тибқи иттилои манбаъ, Муҳаммадҳасан Шомаҳмадов дар вазни -80кг дар ду давр бар варзишгарони Нигерия (Итику Петер Осаро), Қазоқистон (Нурлан Мирзобоев) дастболо шуд, вале дар нимфинал аз варзишгари Ӯзбекистон Никита Рафалович мағлуб ва ҷои сеюмро сазовор шуд. Дигар варзишгаронамон — Шоҳрух Баротов (вазни -58кг), Муҳаммадҳусейн Шоҳмаҳмадов (-68кг), Хуррам Меҳтаршоев (-74кг), Муниса Ойматова (-49кг) ва Муниса Исматова (-62кг) дар даврҳои аввал аз ҳарифонашон мағлуб шуданд.

Мавриди зикр аст, ки  мусобиқаи мазкур дар идомаи Чемпионати Осиё оид ба таэквондо (16-18 июн) 19-21 июн бо иштироки варзишгарони 28 давлати ҷаҳон баргузор шуд.

Июнь 21, 2021 13:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад