Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё иштирок мекунанд

Июнь 16, 2021 09:16

ДУШАНБЕ, 16.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба таэквондо дар ҳайати 7 варзишгар ҷиҳати иштирок дар 24-умин  Чемпионати Осиё ба Лубнон сафар кард. Чемпионати Осиё оид ба таэквондо 16-18 июни соли равон дар шаҳри Бейрут баргузор мешавад. Дар  ин бора  аз Федератсияи таеквондои Тоҷикистон ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар доданд.

Тибқи иттилои манбаъ, дар чемпионати мазкур  иштироки 186 варзишгар аз 30 давлат дар назар аст.

Федератсияи таэквондои Тоҷикистон 7 варзишгар (4 мард, 3 зан)-ро ба Лубнон сафарбар кард:

Мардҳо

  1. Шоҳрух Баротов (-58кг)
  2. Муҳаммадҳасан Шоҳмаҳмадов (-68кг)
  3. Хуррам Меҳтаршоев (-74кг)
  4. Муҳаммадҳусейн Шоҳмаҳмадов (-80кг)

Бонувон

  1. Муниса Ойматова (-49кг)
  2. Муниса Исматова (-62кг).
  3. Моҳру Ҳалимова (-67кг)

Варзишгарони шинохтаи  тоҷикро дар ин сафар мураббиён Исломиддин Фозилов ва Шамсулло Қодиров роҳбарӣ  мекунанд. Ҳамчунин ду довари дараҷаи байналмилалӣ аз Тоҷикистон — Давлатшо Мирзоев ва Вафоназар Алиназаров мусобиқотро дар ин чемпионат доварӣ менамоянд. Ба иттилои Федератсияи таэквондо ВТФ-и Тоҷикистон, дар арафаи Чемпионати Осиё Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея Юсуф Шарифзода, ки ҳамзамон ноиби раиси Федератсияи таэквондо ВТФ-и Тоҷикистон мебошад, аз ҷониби муассисаи таълимии таэквондо – Куккивон дар Сеул бо камарбанди дани 6-ум (нозири байналмилалӣ) сарфароз гардид.

Июнь 16, 2021 09:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд