Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон системаи электронии бақайдгирии ҷиноятҳоро ба кор андохт

Июнь 26, 2021 13:24

ДУШАНБЕ, 26.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон  бо иштироки муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Б. Ҳамидзода ва роҳбари Шуъбаи мубориза бо маводи мухаддир ва тартиботи ҳуқуқии Сафорати ИМА дар Тоҷикистон – хонум Сита Фаррелл маросими намоиш ва ба истифодадиҳии системаи ягонаи давлатии қабул, бақайдгирӣ ва баҳисобгирии электронии арзу шикоятҳои шаҳрвандон дар бораи ҷиноят баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар ВКД ҶТ хабар доданд.

Бо мақсади сифатан беҳтар намудан ва ҳарчи бештар дастрас гардонидани хизматрасонии милитсия ба аҳолӣ, ба таври фаврӣ  вокуниш нишон додан ба мушкилоти ҷомеа, фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ барои кормандон дар асоси технологияҳои муосир, саривақт ошкор ва кушодани ҷиноятҳо,  хосатан пешгирии аз қайд пинҳон намудани аризаю шикоятҳои шаҳрвандон, баланд бардоштани эътимоди халқ ба милитсия, ба роҳ мондани шаффофият ва огоҳонидани аҳолӣ аз раванди санҷиши арзу шикоятҳо, дар фаъолияти Вазорат системаи ягонаи давлатии қабул, бақайдгирӣ ва баҳисобгирии электронии арзу шикоятҳои шаҳрвандон дар бораи ҷинояҳо ҷорӣ карда мешавад.

Системаи мазкур ба таври таҷрибавӣ имрӯз танҳо дар ҳудуди ШВКД-ҳои шаҳри Душанбе ҷорӣ гардида, минбаъд дар тамоми ҷумҳурӣ паҳн мегардад.

Аксҳо: ВКД ҶТ

Июнь 26, 2021 13:24

Хабарҳои дигари ин бахш

80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд