Вазорати маориф ва илм: Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Тоҷикистон синфҳои 1 аз 3 июн ва синфҳои 2-11 аз 7 июн ба таътили тобистона мебароянд
ДУШАНБЕ, 02.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Хонандагони синфҳои 1 аз 3 июн ва толибилмони синфҳои 2-11-и муассисаҳои таҳсилоти умумии мамлакат аз 7 июни соли равон ба таътили тобистона мебароянд.
Тавре сардори маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Эҳсони Хушбахт ба АМИТ “Ховар” иттилоъ дод, 1 июни соли равон бо мақсади анҷоми соли таҳсили 2020-2021 фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба анҷоми соли таҳсили 2020-2021, аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба тасвиб расид.
Тибқи банди 1-и фармоиши мазкур машғулиятҳои таълимӣ дар синфҳои 1-и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 3 июни соли 2021 ва дар синфҳои 2-11 (12)-и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ 7 июни соли 2021 ба анҷом расонида мешавад.
Ҳамчунин дар бандҳои дигари фармоиш гуфта шудааст, ки аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидани хонандагони синфҳои 4-8 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (рӯзона) аз 8 июн то 15 июн, синфҳои 5-8 ва 10-11 аз 9 июн то 17 июн, синфҳои 10 аз 9 июн то 16 июн, синфҳои 10 ва 11 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ғоибона (ба истиснои Муассисаи ғоибонаи калонсолон ва наврасони нобино ва сустбини шаҳри Ҳисор) аз 8 июн то 15 июн, аттестатсияи хатм дар синфҳои 9 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (рӯзона ва ғоибона) аз 8 то 18 июн ва аттестатсияи хатми синфҳои 11 (12) муассисаҳои таҳсилоти умумӣ рӯзҳои 8-19 июн гузаронида шаванд.
Омӯзгорону хонандагон метавонанд бо нусхаи фармоиши мазкур, ки дар сомонаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон — https://maorif.tj/…/farmoishi-vaziri-maorif-va-ilmi… гузошта шудааст, шинос шаванд.
Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар»








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






