«ВЕЛОСИПЕД БАРОИ ТАБИАТ». Пагоҳ дар Душанбе таҳти ин шиор марафони дучархаронӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 04.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 5 июн дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи муҳити зист марафони велосипедронӣ таҳти шиори «Велосипед барои табиат» баргузор мегардад. Марафони мазкур соати 8:00 аз МД «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт оғоз гардида, то роҳи ҳалқавии Товус ҳаракат намуда, баргашта ба «Наврӯзгоҳ» ба марра мерасад. Хоҳишмандонро барои ширкат дар веломарафон зарур аст, ки пешакӣ-соати 7:00 аз сабти ном гузаранд.
Марафони велосипедронӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ) дар Тоҷикистон гузаронида шуда, яке аз ҳадафҳояш тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҳифзи муҳити зист аз олудагиҳои нақлиёт арзёбӣ гардида, муҳимияти истифодаи ин намуди нақлиёти аз ҷиҳати экологӣ тозаро инъикос менамояд.
Дар марафони велосипедронӣ якчанд номинатсия пешбинӣ шудааст, ки он имконият медиҳад, ҳама хоҳишмандон дар ин маърака иштирок намоянд, аз ҷумла велосипедронҳои касбӣ, ҳавасмандон, паралимпиадачиён ва наврасон.
Ғолибони мусобиқаро мукофотҳои хотиравӣ ва пулӣ (сертификати харид) интизор мебошанд.
Ёдовар мешавем, ки Рӯзи ҷаҳонии муҳити зист чун иқдоми байналмилалӣ аз «Муроҷиатномаи Ментовӣ» ба Котиби генералии СММ сарчашма мегирад. «Муроҷиатнома»-и мазкур 11 майи соли 1971 аз ҷониби 2200 нафар ходимони илму фарҳанги 23 кишвари ҷаҳон ба имзо расид. Дар ҳамон сол олимон бонги хатар заданд, ки ифлосшавии муҳити зист ба инсоният оқибатҳои нохуш меорад. Баъд аз як сол (1972) дар пойтахти Шведсия-шаҳри Стокголм Конфронси умумиҷаҳонӣ оид ба ҳифзи муҳити зист доир гашт, ки дар кори он намояндагони 113 кишвар иштирок дошта, барои 5 июн ҷашн гирифтани Рӯзи ҷаҳонии муҳити зист қарор қабул карданд. Аз ҳамон сол инҷониб бо ташаббуси Барномаи СММ оид ба муҳити зист (ЮНЕП) дар ҳамаи кишварҳои ҷаҳон, бо мақсади мусоидат намудан ба беҳдошти вазъи муҳити зист ҳар сол 5 июн чун Рӯзи ҷаҳонии муҳити зист таҷлил карда мешавад.
Акс аз Кумитаи ҳифзи муҳити зист








Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод






