«ВЕЛОСИПЕД БАРОИ ТАБИАТ». Пагоҳ дар Душанбе таҳти ин шиор марафони дучархаронӣ баргузор мегардад

Июнь 4, 2021 15:01

ДУШАНБЕ, 04.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 5 июн дар шаҳри Душанбе  бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи муҳити зист марафони велосипедронӣ таҳти  шиори «Велосипед барои табиат» баргузор мегардад. Марафони мазкур соати 8:00 аз МД «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт оғоз гардида, то роҳи ҳалқавии Товус  ҳаракат намуда, баргашта ба «Наврӯзгоҳ» ба марра мерасад. Хоҳишмандонро барои ширкат дар веломарафон зарур аст, ки пешакӣ-соати 7:00 аз сабти ном гузаранд.   

Марафони велосипедронӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ) дар Тоҷикистон гузаронида шуда, яке аз ҳадафҳояш тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҳифзи муҳити зист аз олудагиҳои нақлиёт арзёбӣ гардида, муҳимияти истифодаи ин намуди нақлиёти аз ҷиҳати экологӣ тозаро инъикос менамояд.

Дар марафони велосипедронӣ  якчанд номинатсия пешбинӣ шудааст, ки он имконият медиҳад, ҳама хоҳишмандон дар ин маърака иштирок намоянд, аз ҷумла велосипедронҳои касбӣ, ҳавасмандон, паралимпиадачиён ва наврасон.

Ғолибони мусобиқаро мукофотҳои хотиравӣ ва пулӣ (сертификати харид) интизор мебошанд.

Ёдовар мешавем, ки Рӯзи ҷаҳонии  муҳити зист чун иқдоми байналмилалӣ аз «Муроҷиатномаи Ментовӣ» ба Котиби генералии СММ сарчашма мегирад. «Муроҷиатнома»-и мазкур 11 майи соли 1971 аз ҷониби 2200 нафар ходимони илму фарҳанги 23 кишвари ҷаҳон ба имзо расид. Дар ҳамон сол олимон бонги хатар заданд, ки ифлосшавии муҳити зист ба инсоният оқибатҳои нохуш меорад. Баъд аз як сол (1972) дар пойтахти Шведсия-шаҳри Стокголм Конфронси умумиҷаҳонӣ оид ба ҳифзи муҳити зист доир гашт, ки дар кори он намояндагони 113 кишвар иштирок дошта, барои 5 июн ҷашн гирифтани Рӯзи ҷаҳонии муҳити зист қарор қабул карданд. Аз ҳамон сол инҷониб бо ташаббуси Барномаи СММ оид ба муҳити зист (ЮНЕП) дар ҳамаи кишварҳои ҷаҳон, бо мақсади мусоидат намудан ба беҳдошти  вазъи муҳити зист ҳар сол 5 июн чун Рӯзи ҷаҳонии муҳити зист таҷлил карда мешавад.

Акс аз Кумитаи ҳифзи муҳити зист

Июнь 4, 2021 15:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар деҳаи Себистони ноҳияи Данғара майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар раддабандии нави ФИФА мақоми 101-умро соҳиб гардид
Дар Бадахшон лигаи волейбол байни мардон оғоз гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар бозии дӯстона тими миллии Ҳиндустонро мағлуб кард
Варзишгар аз Тоҷикистон Абдулмаҷид Кудиев дар Узбекистон медали тиллоро сазовор шуд
ФУТБОЛ. Дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Чин бозиҳои дӯстона баргузор мекунад
Ғолибони Чемпионати Осиё оид ба бокс қадрдонӣ карда шуданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои бозиҳои дӯстона бо тими мунтахаби Ҳиндустон муайян гардид
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими мунтахаби Ҳиндустон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар Ёвон гулгашти фарҳангию фароғатӣ бо муҷассамаи «Рамзи футбол» ба истифода дода шуд
Дар деҳаи ба номи Иброҳим Бозорови шаҳри Турсунзода бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол майдони варзишии «Ҳумо Арена» ифтитоҳ ёфт
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол Фестивали бошукуҳи футбол баргузор гардид