Замони баргузории Мусобиқа оид ба теннис миёни наврасон барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон муайян гардид

Июнь 11, 2021 10:25

ДУШАНБЕ, 11.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Моҳҳои июл — августи соли равон  4 мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ, аз ҷумла 2-7 август Мусобиқа оид ба теннис миёни наврасон  барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст. Ин мусобиқаҳо  рейтингӣ буда, дар онҳо беҳтарин варзишгарони ҷавони ҷаҳон ширкат мекунанд.
Дар ин хусус дар нишасти матбуотӣ, ки  10 июн дар доираи баргузории мусобиқаҳои байналмилалӣ оид ба теннис дар қароргоҳи Федератсияи тенниси Тоҷикистон баргузор шуд, хабар дода шуд.

Тавре котиби генералии Федератсияи тенниси Тоҷикистон Абдурасул Муҳиддинов ба  шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар  дод,  дар   як моҳи охир дар Тоҷикистон 4 мусобиқаи байналмилалӣ доир шуд: ду мусобиқа миёни наврасони то 14-сола ва ду мусобиқа миёни ҷавонони то 18-сола.

«Мусобиқаҳои мазкур рейтингӣ буда, ба тақвими чорабиниҳои Федератсияи байналмилалии теннис ворид гардидаанд ва варзишгарон имкон доранд, ки хол ба даст оварда, мавқеашонро дар радабандии ҷаҳонӣ беҳтар карда, дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ бемамониат ширкат намоянд. Яъне, агар варзишгар дар радабандии ҷаҳонӣ мавқеъ надошта бошад, барои ширкат дар мусобиқаҳо аввал дар даврҳои интихобӣ иштирок мекунад», — шарҳ дод А. Муҳиддинов.

Ӯ ҳамчунин иттилоъ дод, ки  дар дуюмин мусобиқаи байналмилалии «Tajikistan Open», ки идома  дорад, 109 варзишгари ҷавон аз 13 давлат: Германия, Амрико, Британия, Ҳиндустон, Россия, Украина, Белорус, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва  Словакия ширкат доранд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 20 нафар дар ин мусобиқа иштирок мекунад.

Сардовари мусобиқа Александ Шербина аз Қазоқистон иброз намуд, ки чорабинӣ дар сатҳи баланд ҷараён дорад: «Дар ҳоли ҳозир бисёри давлатҳо вобаста ба пандемияи COVID-19  иҷозат намедиҳанд, ки мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ ташкил кунанд. Хушбахтона, вазъият дар Тоҷикистон хуб аст ва Федератсияи тенниси Тоҷикистон чунин мусобиқаҳоро доир менамояд».

Абдурасул Муҳиддинов дар идома гуфт, ки намуди теннис дар Тоҷикистон рушд мекунад ва имрӯз дар кишвар ҳудуди 400 нафар ба тенниси калон ҷалб карда шудаанд. Ҳамчунин Федератсия 4 мураббии сатҳи байналмилалии дараҷаи як ва 2 мураббии дорои сертификати дараҷаи ду дорад.

Зимни нишасти матбуотӣ варзишгари муваффақ Амирҳамза Насриддинов муаррифӣ шуд. Ӯ зодаи шаҳри Норак буда, феълан ҳамроҳи оилааш дар Россия зиндагӣ мекунад. Амирҳамза дар мусобиқаи якум, ки ҳафтаи гузашта баргузор шуд, ғолиб гардид. Дар ин мусобиқа низ ба нимфинал роҳ ёфт ва умед аст, ки пирӯз мешавад.
Амирҳамза Насриддинов аз номи Россия дар якчанд мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ ғолиб гардидааст ва мақсад  дорад, ки дар оянда аз номи Тоҷикистон дар мусобиқаҳо ширкат кунад.

Июнь 11, 2021 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад