ФУТБОЛ. «Истаравшан» бар дастаи «Истиқлол» ғолиб омад

Июль 8, 2021 08:53

ДУШАНБЕ, 08.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар бозии мавқуфмондаи даври 3-юми чемпионати Тоҷикистон дар меҳмонӣ аз дастаи футболи «Истаравшан»-и шаҳри Истравшан мағлуб шуд. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Мавриди зикр аст, ки футболбози японии  дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  Рета Нома дар дақиқаи 37-ум гол зада, дастаашро ба пеш баровард. Қабл аз анҷоми қисми аввали бозӣ, Илҳом Баротов 45+1 ҳисоби рақобатро 1:1 кард. Голи пирӯзиоварро дар дақиқаи 81-уми сабқат Бахтиёр Абдураҳмонов ба нишон  расонида, ғалабаи  дастаи футболи «Истаравшан»-и шаҳри Истравшанро бо натиҷаи 2:1 таъмин сохт. Бояд гуфт, ки ин аввалин бохти дастаи футболи  «Истиқлол»-и  шаҳри Душанбе дар мавсими ҷорӣ ба ҳисоб меравад.

Чемпионати Тоҷикистон-2021

Лигаи олӣ. Бозии мавқуфмондаи даври 3-ум

«Истаравшан» – «Истиқлол» – 2:1

Голҳо: Рёта Нома, 37 (0:1). Илҳом Баротов, 45+1 (1:1). Бахтиёр Абдураҳмонов, 81 (2:1).

Июль 8, 2021 08:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид