Ҳабибулло Воҳидзода: Ҳадаф аз қабули Стратегияи миллӣ таъмини амнияти Тоҷикистон аз таҳдиди маводи нашъаовар ва оқибатҳои зиёновари он аст

Июль 15, 2021 13:20

ДУШАНБЕ,15.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Паҳн намудан ва истеъмоли маводи нашъаовар яке аз таҳдидҳо ба амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Бинобар ин масъалаи татбиқи зиддимухаддиротии давлатӣ дар маркази диққати ҳамаи сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи қудратӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ташкилоти ҷамъиятӣ ва ҷомеа қарор дорад. 20 марти соли 2021 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» ва нақшаи чорабиниҳои амалисозии он барои солҳои 2021 -2025 қабул шуд. Ҳадаф аз қабули стратегия таъмини амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таҳдиди маводи нашъаовар ва оқибатҳои зиёновари он, инчунин тақвияти муқовимат ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, ки яке аз сарчашмаҳои маблағгузории терроризми байналмилалӣ ба ҳисоб меравад, мебошад.

Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода изҳор дошт.

Ҳамчунин мавсуф зикр кард, ки бо мақсади татбиқи амалии стратегияи мазкур Агентӣ дар доираи ҳамкории судманд бо мақомоти дахлдори мамлакат  ва давлатҳои хориҷӣ ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафҳои стратегия тадбирҳои мушаххас меандешад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар шашмоҳаи якуми соли 2021 аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 878 ҷиноятҳои умумӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12,9 фоиз ё 1585 ҷиноят зиёд мебошад.

Аз шумораи умумии ҷиноятҳои ба қайдгирифташуда 446 ҷиноят марбут ба маводи нашъадор мебошанд, ки дар қиёс ба шашмоҳаи якуми соли гузашта 89 ҷиноят зиёд ба қайд гирифта шудааст.

Тибқи омори расмӣ, ба ҳолати  июли соли 2021 дар мамлакат 5003 нафар нашъаманд ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин 109 нафарашонро занон  ташкил медиҳанд. Имрӯз дар Тоҷикистон ба 100 ҳазор аҳолӣ 54 нашъаманд рост меояд, ки  нисбат ба дигар давлатҳо нишондиҳандаи хеле паст мебошад.

 

Июль 15, 2021 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд