14 июл дар қаламрави Тоҷикистон 2 заминларза ба қайд гирифта шуд

Июль 14, 2021 09:00

ДУШАНБЕ, 14.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. 14 июл, соати 01:56 дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Маркази зилзила дар километри 196-уми самти шимолу шарқи Душанбе,  дар  километри 14-уми самти шарқи ноҳияи Рашт воқеъ буд. Қувваи заминларза дар марказаш 3-4 балл,  дар шаҳри Душанбе  2 баллро ташкил дод. Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи градании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Инчунин дар ин рӯз тахминан соати 02:10 ба вақти маҳаллӣ замин дубора такон хӯрд. Ин бор маркази заминларза дар  километри 267-уми самти ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе, дар қаламрави Ҷумҳурии Исломии Афғонистон воқеъ буд. Қувваи он дар маркази заминларза 3-4 балл, дар ноҳияи Рашт 2 баллро ташкил дод.

Дар ҳарду заминларза талофоти ҷониву харобиҳо ба қайд гирифта нашудаанд.

Июль 14, 2021 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор бо шароити хизмати сарбозон шинос шуданд
Муштарии ZET-MOBILE миллионер шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
НИШОНИ ҶАВОНМАРДӢ. Дар ҳошияи асари сиёсатшинос, сиёсатмадор, олим ва адиби нуктасанҷ Саймумин Ятимов
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба татбиқи технологияҳои рақамӣ дар низоми логистикӣ машварат доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии ҳарбӣ- варзишии «Ватанпарвар» доир гардид
«Одамон. Идеяҳо. Ҳаракат». Дар Душанбе нахустин форуми таҷрибаҳои идоракунӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ТАЪСИРИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА РУҲИЯИ КӮДАКОН. Ва ё «оҳанро дар гармияш бояд кӯфт»
Соли 2025 шаҳрвандон ва соҳибкорон беш аз 6 миллион амалиёти ғайринақдиро анҷом доданд