26-28 июл дар бархе минтақаҳои алоҳидаи Тоҷикистон сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ дар назар аст
ДУШАНБЕ, 26.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо сабаби болоравии ҳарорати ҳаво 26-28 июл дар минтақаҳои алоҳидаи кӯҳии вилояти Суғд, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сар задани селҳои дорои хусусияти маҳаллӣ ва пиряхӣ аз эҳтимол дур нест. Инчунин дар ин рӯзҳо дар ҳавзаи дарёҳои Панҷ, Вахш ва Зарафшон баландшавии сатҳи об пешгӯӣ мешавад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
27-30 июл дар ноҳияҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ шиддатёбии вазиши шамол бо суръати то 15-20 ва дар баъзе ноҳияҳо то 20-25 метр дар як сония дар назар буда, дар минтақаҳои алоҳида тӯфони чангу ғубор ба амал меояд.
26-29 июл дар шаҳрҳои ҷумҳурӣ шароити обу ҳаво метавонад ба пайдоиши нурҳои ултрабунафш (радиатсияи офтобӣ) дар қабати болоии атмосфера мусоидат намояд ва аз соати 12:00 то 15:00 таркиби нурҳои ултрабунафш ба нишондиҳандаҳои баландтар хоҳад расид, ки ин вазъият метавонад ба саломатӣ таъсири манфӣ расонад. Баландшавии нишондиҳандаҳои нурҳои ултрабунафш дар шаҳри Душанбе, ноҳияҳои марказӣ ва шарқии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлон, Суғд ва минтақаҳои шарқии ВМКБ боқӣ мемонад. Дар ҳамин давра мувофиқи ҳисобҳои пешакии вазъи обу ҳаво сатҳи баландшавии нурҳои ултрабунафш пас аз нисфирӯзӣ боқӣ хоҳад монд.








Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд






