Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд

Октябрь 30, 2026 10:37

ДУШАНБЕ, 30.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 29 октябр дар шаҳри Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Сардори Раёсати таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ, сиёсати кадрҳо ва илми Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳло Ашуриён иброз намуд, ки «самаранокии низоми тандурустӣ,  пеш аз ҳама аз сифати кумаки аввалияи тиббию санитарӣ вобаста буда, ошкорсозии барвақти бемориҳо, арзёбии дурусти омилҳои хавф ва оғози саривақтии табобат барои пешгирии оризаҳо ва беҳтар намудани вазъи саломатии аҳолӣ мусоидат мекунанд. Аз ин рӯ, баланд бардоштани дониш, такмили малакаҳои амалӣ ва рушди салоҳияти касбии табибони амалияи умумӣ аз вазифаҳои муҳими соҳаи тандурустӣ ба ҳисоб меравад».

Таъкид шуд, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати такмили ихтисоси кормандони тиббӣ, таҷдиди барномаҳои таълимӣ, такмили протоколҳои клиникӣ ва рушди низоми таҳсилоти муттасили тиббӣ тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд. Дар баробари ин, густариши ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ҷалби коршиносони ватаниву хориҷӣ ва истифодаи таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ аз ҷумлаи самтҳои муҳими рушди касбии кормандони соҳа арзёбӣ гардиданд.

Дар кори форум иштирокдорон доир ба ошкорсозии барвақти нишонаҳои ихтилолҳои доираи аутизм, арзёбии рушди кӯдак, ташхис ва пешбурди беморони гирифтори диабети навъи 2, норасоии масуният, сабабҳои зуд-зуд бемор шудани кӯдакон, зуҳуроти пӯстӣ ҳангоми бемориҳои сироятӣ ва масъалаҳои аллергология мубодилаи афкор намуданд.

Дар форум инчунин мутахассисон аз Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Узбекистон иштирок намуда, таҷриба ва донишҳои касбии худро дар самти ташхису табобати бемориҳо ва ҳалли масъалаҳои амалии тиббӣ пешниҳод намуданд.

Форуми барои таҳкими робитаҳои касбӣ, мубодилаи таҷрибаи пешқадам, густариши ҳамкории байналмилалӣ ва татбиқи усулҳои муосири ташхису табобат дар фаъолияти табиб заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 30, 2026 10:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид