ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Истаравшан Маркази хизматрасонии «Фатирҳои Гули Сурх» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт
ДУШАНБЕ, 26.07.2021. /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Салим Шарипов дар ҷамоати деҳоти «Қалъачаи калон»-и шаҳри Истаравшан Маркази хизматрасонии «Фатирҳои Гули Сурх» ва ошхонаи миллии «Гули Сурх» сохта мавриди истифода қарор дода шуд. Зимни ифтитоҳи иншооти мазкур аз ҷониби соҳибкорон Салим Шарипов ва Иброҳим Ҷӯраев дар ошхонаи «Гули сурх» барои 17 нафар ятимони кулл дастурхони идона ороста шуда, ба онҳо туҳфаҳо тақдим карда шуд.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни суҳбат бо кӯдакон раиси шаҳр Адҳам Маъмурзода зикр кард, ки ғамхорӣ дар ҳаққи ятимону бепарасторон яке аз муҳимтарин самтҳои сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб шуда, барои беҳтар кардани шароити зист, таълиму тарбия ва ба камол расонидани ин табақаи ниёзманд ҳамаи имконияту воситаҳо истифода мегарданд.
Иншооти мазкур 24 июли соли равон бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулҳафиз Ашурзода, раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Умаров мавриди истифода қарор гирифт.
Дар ин марказ пухтани нонҳои гуногун, фатирҳо, самбӯса ва мурғи танурӣ ба роҳ монда шуда, дар доираи тадбирандешии Ҳукумати мамлакат ҷиҳати ба шуғли доимӣ фаро гирифтани аҳолӣ дар иншооти навбунёд беш аз 10 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.













Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд






