ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Ванҷ беш аз 80 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуданд

Июль 12, 2021 16:17

ДУШАНБЕ, 12.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҷиҳати ба талаботи муосир мутобиқ намудани роҳҳои мошингарди ноҳияи Ванҷ  сохтмони 8 пул босуръат идома дошта, дар арафаи ҷашни  Истиқлолии давлатӣ мавриди истифода қарор дода мешаванд. Чунин зикр гардид зимни ҷаласаи  ҷамъбастӣ оид ба рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ванҷ, ки бо иштироки роҳбарият, фаъолони ноҳия  ва Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди ҳукумати ҷумҳурӣ Тоҷиддин  Ҷӯразода   доир гардид. Дар ҷаласа таваҷҷуҳи хосса ба омодагӣ ҷиҳати истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолии давлатӣ, иҷрои ҳатмии қарорҳои Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирии бемории сироятии COVID-19, риояи қатъии қоидаҳои беҳдоштӣ ва корҳои амалии дар ин самт анҷомёфта равона гардид.

Ҳамчунин  вазъи ободонии манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон ва иншооти тиҷоратӣ, таъмири  роҳу кӯчаҳо, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои ёрирасон, афзун намудани  ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, тақвияти неруи содиротӣ, муҳайё кардани ҷойҳои корӣ, безараргардонии корхонаю муассисаҳо, беталаф ғундоштани ҳосил, сарфакорона истифода намудани қувваи барқ ва омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон муҳокима шуданд.

Тибқи дурнамо, соли равон кишоварзони ноҳия дар  майдони 1493 гектар кишти зироати кишоварзӣ, аз қабили ғалладона, лӯбиёгӣ, ҷуворимакка, картошка ва сабзавот гузарониданд. Дар хоҷагиҳои ноҳия 14,29 гектар боғи нав бунёд гардида, 9 гектар  боғҳои кӯҳна барқарор карда шуданд. Инчунин маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ дар шашмоҳаи соли равон дар ноҳия беш аз 3,9  миллионро ташкил намуд, ки нисбат ба  ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад.

Бо мақсади рушди соҳаи маориф дар ноҳия бунёди 5 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ба нақша гирифта шуда, сохтмони як ададаш оғоз гардидааст. Сокинони ноҳия, аз ҷумла соҳибкорон дар амалисозии тадбирҳо бахшида ба истиқболи сазовори 30-солагии ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда саҳми муносиб гузошта истодаанд. Аз 86 адад иншооти нақшавии ба шарафи ҷашни миллӣ сохташаванда то имрӯз 84 адади он мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудаанд. Айни замон  дар 14 деҳаи ноҳия аз тарафи соҳибкорон ва шахсони саховатпеша сохтмони майдонча ва толори варзишӣ оғоз гардидааст. Сохтмони 11  иншооти иловагии дорои таъйиноти гуногун бо маром идома дошта, то  ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода мешаванд.

Ноҳияи Ванҷ дар рушди сайёҳии кӯҳнавардӣ ва экологӣ саҳми намоён дошта, дорои захираҳои бойи табиӣ мебошад. Хусусан мавзеъҳои таърихию истироҳатии пиряхҳои Хирсон, Федченко, Кашола Ях, мавзеъҳои Зинг, Дараи Довгӣ, Чашмаи Шоҳмастон, Язғулом ба рушди соҳа такони ҷиддӣ мебахшанд.

Маводи иттилоотию тарғиботии Кумитаи рушди сайёҳӣ  низ маконҳои тамошобоби минтақаро фаро гирифта, миёни дӯстдорони сайру саёҳат ройгон паҳн карда мешавад. Дар ноҳияи Ванҷ  як ширкати сайёҳӣ, 6 меҳмонхона бо 23 ҳуҷра ва 77 кат ба мизоҷон хизмат мекунанд. Дар қисмати Ванҷи Боло Маҷмааи сайёҳии «Ванҷи Боло» бо меҳмонхонаи замонавӣ фаъолият дорад. Барои рушди ҳунарҳои мардумӣ ноҳия иқтидори воқеӣ дошта, қариб сад нафар ҳунармандони ноҳия дар намоишгоҳҳои сайёҳию ҳунармандӣ аз рӯи намудҳои оҳангарӣ, бофандагӣ, сӯзанидӯзӣ, чӯбтарошӣ, дуредгарӣ, дӯзандагӣ, сабадбофӣ дастранҷи худро ба намоиш мегузоранд.

Зимни сафар Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Тоҷиддин Ҷӯразода бо раванди бунёди иншооти бунёдшаванда аз наздик шинос гардида, ҷиҳати сари вақт ва босифат анҷом додани корҳои бунёдӣ ба масъулин маслиҳатҳо дод.

Июль 12, 2021 16:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Хоруғ корхонаи истеҳсоли ҳасиб бунёд мегардад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Имсол дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин 41 иншоот ба истифода дода мешавад
Дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон иншооти гуногуни ҷашнӣ ба истифода дода шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Кушониён синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Беморхонаи марказии ноҳияи Темурмалик пурра навсозӣ гардид
Дар ноҳияи Шаҳринав бинои нави шуъбаи рентгенӣ ба истифода дода шуд
Соли 2023 ба буҷети шаҳри Гулистон аз ҳисоби хизматрасонии сайёҳӣ ва табобатӣ зиёда аз 40 миллион сомонӣ ворид шуд
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Рӯдакӣ ду бунгоҳи тиббӣ ба истифода дода шуд
«НАВРӮЗ — МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Табиати зебои Тоҷикистон дили меҳмонони хориҷиро тасхир намуд
Ба шарафи Наврӯзи бостонӣ дар Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар шаҳри Турсунзода бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз як қатор иншоот мавриди истифода қарор гирифт
Коршиносони олмонӣ дар ҷашни наврӯзии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иштирок намуданд