Ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои ХХХII олимпӣ таҳти рақами 105 иштирок мекунад
ДУШАНБЕ, 23.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Шуморае, ки таҳти он дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар доираи маросими ифтитоҳи Бозиҳои олимпӣ, ки аз 23 июл то 8 август дар Токио баргузор мешаванд, дар паради варзишгарон иштирок мекунад, маълум гардид. Варзишгарони тоҷик кишвари моро таҳти рақами 105 намояндагӣ мекунанд. Маросими ифтитоҳи Бозиҳои олимпӣ имрӯз, 23 июл, соати 16:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.
Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон паҳлавони маъруфи кишвар Темур Раҳимов дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои олимпӣ парчамбардори Ҳайати олимпии Тоҷикистон интихоб шуд.
Дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои ХХХII тобистона иштироки 206 кишвар дар назар аст. Дар ин маросим парадро дастаи мунтахаби олимпии Юнон (ба хотири он ки Бозиҳои олимпӣ аввалин бор дар ин кишвар баргузор шудаанд) оғоз мекунад. Баъд аз он дастаи гурезаҳо вориди варзишгоҳ мешавад. Парадро дастаи мунтахаби Ҷопон (ба хотири мизбон буданаш) хотима мебахшад.
Ёдовар мешавем, ки шурӯъ аз имрӯз то 8 август дар шаҳри Токиои Ҷопон Бозиҳои ХХХII тобистонаи олимпӣ баргузор мешаванд, ки дар он Ҷумҳурии Тоҷикистонро даҳ варзишгар намояндагӣ мекунанд.
22 июл зимни қуръакашӣ рақибони паҳлавонони шинохтаи тоҷик маълум шуданд:
26 Июл, Душанбе | шурӯъ аз соати 07:00
-73КГ | Даври 1 | Сомон Маҳмадбеков vs Аҳмад Аликай (Дастаи мунтахаби гурезаҳо)
27 Июл, Сешанбе | шурӯъ аз соати 07:00
-81КГ | Даври 1 | Акмал Муродов vs Ҷоштер Эндрю (Гуам)
28 Июл, Чоршанбе | шурӯъ аз соати 07:00
-90 KG | Даври 2 | Комроншоҳи Устопириён vs Алекс Клергет (Фаронса)
30 Июл, Ҷумъа | шурӯъ аз соати 07:00
+100 KG | Даври 1 | Темур Раҳимов vs Энди Гранда (Куба)
Рақобатҳо дар намуди дзюдо аз 24 то 30 июл сурат мегиранд.
Роҳбарияти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Федератсияи футболи Тоҷикистон бо варзишгарон ва мураббиён мулоқот карда, ба маълумоти онҳо расониданд, ки аз номи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба варзишгароне, ки медал ба даст меоранд, дар пойтахти мамлакат хона туҳфа карда мешавад. Барои медали тилло хонаи чорҳуҷрагӣ, барои медали нуқра хонаи сеҳуҷрагӣ ва барои медали биринҷӣ хонаи дуҳуҷрагӣ тақдим мегардад.
Хотиррасон мешавем, ки дар асоси низомномаи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ аз Фонди Пешвои миллат ба варзишгароне, ки дар Бозиҳои олимпӣ ҷойҳои аввал, дуюм ва сеюмро сазовор мешаванд, мутаносибан 300 000 сомонӣ, 250 000 сомонӣ ва 200 000 сомонӣ ҷудо мешавад. Варзишгарони Тоҷикистон қабл аз сафар ба Токио дар самти ҷамъомадҳои машқӣ-таълимӣ, иштирок дар мусобиқаҳои интихобӣ, фармакология аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ таъмин гардиданд.
АКС аз Федератсияи дзюдои Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд






