Ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои ХХХII олимпӣ таҳти рақами 105 иштирок мекунад

Июль 23, 2021 15:46

ДУШАНБЕ, 23.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Шуморае, ки таҳти он дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар доираи маросими ифтитоҳи Бозиҳои олимпӣ, ки аз 23 июл то 8 август дар Токио баргузор мешаванд, дар паради варзишгарон иштирок мекунад, маълум гардид. Варзишгарони тоҷик кишвари моро таҳти рақами 105 намояндагӣ мекунанд. Маросими ифтитоҳи Бозиҳои олимпӣ имрӯз, 23 июл, соати 16:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.

Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон паҳлавони маъруфи кишвар Темур Раҳимов дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои олимпӣ парчамбардори Ҳайати олимпии Тоҷикистон интихоб шуд.

Дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои ХХХII тобистона иштироки 206 кишвар дар назар аст. Дар ин маросим парадро дастаи мунтахаби олимпии Юнон (ба хотири он ки Бозиҳои олимпӣ аввалин бор дар ин кишвар баргузор шудаанд) оғоз мекунад. Баъд аз он дастаи гурезаҳо вориди варзишгоҳ мешавад. Парадро дастаи мунтахаби Ҷопон (ба хотири мизбон буданаш) хотима мебахшад.

Ёдовар мешавем, ки шурӯъ аз имрӯз то 8 август дар шаҳри Токиои Ҷопон Бозиҳои ХХХII тобистонаи олимпӣ баргузор мешаванд, ки дар он Ҷумҳурии  Тоҷикистонро даҳ варзишгар намояндагӣ мекунанд.

22 июл  зимни қуръакашӣ рақибони паҳлавонони шинохтаи тоҷик маълум шуданд:

26 Июл, Душанбе | шурӯъ аз соати 07:00

-73КГ | Даври 1 | Сомон Маҳмадбеков  vs Аҳмад Аликай (Дастаи мунтахаби гурезаҳо)

27 Июл, Сешанбе | шурӯъ аз соати 07:00

-81КГ | Даври 1 | Акмал Муродов vs Ҷоштер Эндрю  (Гуам)

28 Июл, Чоршанбе | шурӯъ аз соати 07:00

-90 KG | Даври 2 | Комроншоҳи Устопириён  vs Алекс Клергет  (Фаронса)

30 Июл, Ҷумъа | шурӯъ аз соати 07:00

+100 KG | Даври 1 | Темур Раҳимов vs Энди Гранда (Куба)

Рақобатҳо дар намуди дзюдо аз 24 то 30 июл сурат мегиранд.

Роҳбарияти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Федератсияи футболи Тоҷикистон бо варзишгарон ва мураббиён мулоқот карда, ба маълумоти онҳо расониданд, ки аз номи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба варзишгароне, ки медал ба даст меоранд, дар пойтахти мамлакат хона туҳфа карда мешавад. Барои медали тилло хонаи чорҳуҷрагӣ, барои медали нуқра хонаи сеҳуҷрагӣ ва барои медали биринҷӣ хонаи дуҳуҷрагӣ тақдим мегардад.

Хотиррасон мешавем, ки дар асоси низомномаи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ аз Фонди Пешвои миллат ба варзишгароне, ки дар Бозиҳои олимпӣ ҷойҳои аввал, дуюм ва сеюмро сазовор мешаванд, мутаносибан 300 000 сомонӣ, 250 000 сомонӣ ва 200 000 сомонӣ ҷудо мешавад. Варзишгарони Тоҷикистон қабл аз сафар ба Токио дар самти ҷамъомадҳои машқӣ-таълимӣ, иштирок дар мусобиқаҳои интихобӣ, фармакология аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ таъмин гардиданд.

 

АКС аз Федератсияи дзюдои Тоҷикистон

Июль 23, 2021 15:46

Хабарҳои дигари ин бахш

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲОИ ОСИЁ. Бозии дастаҳои футболи «Истиқлол» ва «Ал-Наср» мусовӣ анҷом ёфт
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Варзишгари тоҷик Фариноз Абдуллоева барандаи медали нуқра гардид
ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲОИ ОСИЁ. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бозии дастаҳои футболи «Истиқлол» ва «Ал-Наср» доир мешавад
ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲОИ ОСИЁ. 4 декабр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе нишасти хабарии пеш аз бозии дастаҳои «Истиқлол» ва «Ал-Наср» доир мешавад
ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲОИ ОСИЁ. Пагоҳ дар Душанбе бозии даври шашуми марҳилаи гурӯҳӣ байни дастаҳои «Истиқлол» ва «Ал-Наср» баргузор мешавад
5 декабр дар се минтақаи шаҳри Душанбе фан-зона барои тамошои бозии «Истиқлол» ва «Ал-Наср» ташкил мешавад
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш бо 4 медали биринҷӣ ба Ватан баргаштанд
ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН -2023. Дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе пеш аз муҳлат ғолиб гардид
Дар шаҳри Хуҷанд Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ баргузор гардид
Ҳарифони паҳлавонони шинохтаи тоҷик дар мусобиқаи Tokyo Grand Slam-2023 оид ба ҷудо муайян шуданд
Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар раддабандии ФИФА се зина боло рафт
ҶОМИ КФО-2023/24. «Равшан» боз бо «Марв»-и Туркманистон мусовӣ намуд