Амирхон Атохонов дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ӯзбекистон ғолиби ҷойи аввал ва соҳиби медали тилло шуд
ДУШАНБЕ, 15.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Устоди варзиши байналхалқӣ оид ба ҳунарҳои размии омехта — ММА Амирхон Атохонов дар мусобиқаи байналмилалӣ дар шаҳри Бухорои Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар вазни 61 кг иштирок намуда, дар сабқат бо ҳамвазни хеш- намояндаи Ҷумҳурии Қирғизистон дастболо шуда, ба дарёфти мақоми аввал ва медали тиллои мусобиқа шарафёб гардид.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар мусобиқаи мазкур варзишгарон аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Афғонистон иштирок намуданд.
Раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода Амирхон Атохоновро бо ин дастовардаш табрик намуда, ба ӯ сипоснома ва туҳфа тақдим намуд. Ҳамчунин мавсуф ба варзишгари ҷавон барои саҳми арзандааш дар рушди варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва оммавияти варзиш, иштироки фаъолона дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ арзи сипос намуда, изҳор намуд, ки варзишгарони Исфара минбаъд низ ба муваффақиятҳои беназир соҳиб мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки Амирхон Атохонов дастпарвари мактаби варзишии шаҳри Исфара буда, дар мактаби варзишии рақами 3-и шаҳр ба ҳайси мураббии намуди муҳорибаи омехта фаъолият дорад.
Мавсуф соли 2015 дар Чемпионати ҷаҳон оид ба муҳорибаи омехтаи ММА сазовори ҷои аввал гардида, парчами Тоҷикистонро боло бардоштааст.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд






