Амирхон Атохонов дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ӯзбекистон ғолиби ҷойи аввал ва соҳиби медали тилло шуд

Июль 15, 2021 15:00

ДУШАНБЕ, 15.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Устоди варзиши байналхалқӣ оид ба ҳунарҳои размии омехта — ММА Амирхон Атохонов дар мусобиқаи байналмилалӣ дар шаҳри Бухорои Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар вазни 61 кг иштирок намуда, дар сабқат бо ҳамвазни хеш- намояндаи Ҷумҳурии Қирғизистон дастболо шуда, ба дарёфти мақоми аввал ва медали тиллои мусобиқа шарафёб гардид.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар мусобиқаи мазкур варзишгарон аз ҷумҳуриҳои  Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Афғонистон иштирок намуданд.

Раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода Амирхон Атохоновро бо ин дастовардаш  табрик намуда, ба ӯ сипоснома ва туҳфа тақдим намуд. Ҳамчунин мавсуф ба варзишгари ҷавон барои саҳми арзандааш дар рушди варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва оммавияти варзиш, иштироки фаъолона дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ арзи сипос намуда, изҳор намуд, ки варзишгарони Исфара минбаъд низ ба муваффақиятҳои беназир соҳиб мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки Амирхон Атохонов дастпарвари мактаби варзишии шаҳри Исфара буда, дар мактаби варзишии рақами 3-и шаҳр ба ҳайси мураббии намуди муҳорибаи омехта фаъолият дорад.

Мавсуф соли 2015 дар Чемпионати ҷаҳон оид ба муҳорибаи омехтаи ММА сазовори ҷои аввал гардида, парчами Тоҷикистонро боло бардоштааст.

 

Июль 15, 2021 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд